Суқути ҳавопаймо бо 48 мусофир дар Амур. Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия номаи таслият ирсол кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Русия, ки бар асари он чанд нафар ҳалок шуданд, ба президенти Владимир Путин, президенти ин кишвар барқияи тасаллӣ ирсол намуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мешавад, ки “хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амур боиси андӯҳи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Русия, ки бар асари он чанд нафар ҳалок шуданд, ба президенти Владимир Путин, президенти ин кишвар барқияи тасаллӣ ирсол намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мешавад, ки “хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амур боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

“Таъзияву таслияи самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем”, – изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 июл ҳавопаймои Ан-24-и ширкати ҳавопаймоии “Ангара”, ки аз Хабаровск ба Тинда тариқи Благовешенск парвоз мекард, ба садама дучор шуд. Тибқи иттилои расонаҳо, ҳавопаймо ҳангоми нишастан ба майдони ҳавоӣ суқут кардааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари суқути ҳавопаймо ҳамаи 48 нафар одами дохили он – 42 мусофир ва 6 корманди ҳайати идоракунии ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.