ЧОРАБИНИҲОИ 28 ИЮЛ
Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Маркази миллии қонунгузорӣ (соати 08:00), Вазорати маориф ва илм (соати 09:00), Кумитаи забон ва истилоҳот ва Агентии содирот (соати 10:00), Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” (соати 11:00).
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 28 ИЮЛ
Соли 2015 – Дар шаҳри Душанбе аввалин хидмати иҷораи велосипед бо номи “Renta Bike” ба кор оғоз кард.
Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии кӯдаконаи Тоҷикистон” фармон ба имзо расонид.
Соли 2020 – Ҳукумати Ҷопон барои мубориза бо малах дар Тоҷикистон беш аз 7 миллион доллар ҷудо кард.
Соли 2021 – Президенти кишвар дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1967 – Мавлуди Алиҷон Наимов, риёзидон, доктори илмҳои физикаю математика.
Соли 1970 – Зодрӯзи Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи шинохтаи театр ва синамои тоҷик.
Моҳпайкар Ёрова яке аз ҳунарпешагони маъруф ва маҳбуби Тоҷикистон буда, баъди иҷрои нақш дар филми эронии “Пойтахт” дар дигар кишварҳои форсизабон низ ҳаводорони худро пайдо намуд.
Ӯ хатмкардаи факултети драмаи Донишкадаи театрии Маскав ба номи М. С. Шепкин буда, фаъолияти худро соли 1991 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов оғоз намудааст ва то ҳол ҳунарпешаи ин театр аст.
Инчунин Моҳпайкар Ёрова дар синамо низ нақшҳои зиёде офаридааст, ки аксар бо иҷрои хосашон дар дили бинандагон ҷо гирифтаанд. Ӯ аз ҷумла дар филмҳои бадеии “Убури сангин”, “Марги бегуноҳ”, “Соҳил”, “Баъд аз ғуруб”, “Меҳроб”, “Оинаи беҷило”, “Журналист”, “Баҳори як кӯча”, “Ормонҳо”, “Хокпайванд”, “Орзуи рассом”, “Арӯси замонавӣ” ҳунарнамоӣ кардааст.
Ҳамчунин дар чанд филми истеҳсоли синамогарони рус низ ширкат варзидааст.
Ахиран ӯ дар филми “Пойтахт”, ки дар Эрон сабт гардид, нақши модарро дар як хонаводаи тоҷик иҷро намуд.
Соли 1988– Зодрӯзи Далери Имомалӣ, коргардон, рӯзноманигор ва блогери зиндонии тоҷик.
Далери Имомалӣ хатмкардаи Донишкадаи санъат ва ҳунарҳои зебо ба номи Мирзо Турсунзода аст. Ӯ аз рӯи ихтисос коргардон аст ва чандин сол дар самти театру кино низ кор кардааст.
Далер аз таъсисдиҳандагони театри хиёбонии “Нигоҳи нав” буд, ки чандин намоишномаҳоро таҳия кардааст, аммо ӯ бештар ҳамчун ровии радио ва блогер шинохта гардид. Далер чанд муддат дар радиои “Ватан” ба ҳайси ровӣ кор кард. Ӯ замоне дар радиои “Имрӯз” низ кор карда буд.
Далери Имомалӣ мавқеи устувори шаҳрвандӣ дошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буд. Дар наворҳое, ки таҳия менамуд, ба мавзӯҳои иҷтимоӣ ва доғи рӯз таваҷҷӯҳ карда, бо эҳсоси баланд барои ҳалли он даъват менамуд. Далер вақтҳои охир бештар ҳамчун блогер фаъолият менамуд ва бо чеҳраҳои саршинос оид ба мавзӯҳои баҳсноку ҳассос мусоҳибаҳо анҷом медод.
Дардноктарин навори ӯ барои доираи мушаххаси мақомдорон навор аз маҳаллаи Зардушти ноҳияи Шоҳмансур буд. Бори охир Далер ҳамроҳи Абдулло дар робита ба тахриби бинои сокинони маҳаллаи Зардушти ноҳияи Шоҳмансур тамошобини зиёд пайдо кард.
Бо гузашти чанд рӯз, Далери Имомалӣ дар роҳ ба шаҳри Конибодом аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шуд.
Баъдан бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ба 10 соли зиндон маҳкум гардид.
Бо гузашти 3 сол хонаводаи Далери Имомалӣ чӣ ҳол доранд ва чаро ӯ зиндонӣ шуд, дар ин пайванди маводи "Азия-Плюс" хонед.
Соли 2015 – Мамадаёз Навҷувонов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон дар 72-солагӣ аз олам даргузашт.
Мамадаёз Навҷувонов аз соли 1989 то 1992, оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон вазири корҳои дохилии кишвар буд.
Ӯ соли 1942 ба дунё омада, пас аз хидмати ҳарбӣ дар соли 1966 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Дзержинскийи Саратовро хатм кард. Соли 1979, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии Ленинград ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Дар ин ҷо аз фармондеҳи дастаи нерӯҳои умури дохилӣ то вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Шӯравӣ расид. Давраи вазирии ӯ, солҳои 1989 – 1992 ба мушкилтарин марҳилаҳои Тоҷикистон, замони нооромиҳои сиёсӣ ва оғози ҷанги дохилӣ рост омад.
Дар давраи ҷанги дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов асосан дар Бадахшон ба сар бурда, соли 1998 ба Душанбе баргашт ва соли 2015 даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола, 28-уми июл дар аксар кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо гепатит ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи духтури амрикоӣ Барух Самуэл Блумберг интихоб шудааст, ки барандаи ҷоизаи Нобел ва кашфкунандаи вируси гепатити В мебошад.
Ба иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон бо вирусҳои гепатит сироят ёфтаанд, ки ин беш аз севуним ҳиссаи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар баъзе кишварҳо аксари аҳолӣ бо гепатити А бемор шудаанд ва наздик ба 10% мардум вируси гепатити В ва С-ро дар худ доранд.
Гепатит илтиҳоби бофтаи ҷигар мебошад ва панҷ намуди асосӣ дорад: A, B, C, D ва E. Тарзи гузариши вирус вобаста ба навъи он фарқ мекунад. Баъзе намудҳо аз моеъҳои сироятшудаи бадан мегузаранд, дигарҳо тавассути ғизо ва оби ифлос паҳн мешаванд.
28-уми июли соли 1914 Австро-Венгрия ба Сербия ҷанг эълон кард, ки оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ гардид. Ин ҷанг то 11-уми ноябри соли 1918 идома кард ва ба яке аз фоҷиабортарин ва фарогиртарин низоъҳои таърихи инсоният табдил ёфт.
Сабаби зоҳирии ҷанг кушта шудани герсоги австриягӣ Франтс Фердинанд дар рӯзи 28-уми июли соли 1914 аз ҷониби донишҷӯи серб Гаврило Принсип буд. Ин ҳодиса баҳонаи асосии оғози ҷанг гардид.
28-уми июли соли 1858 Уилям Ҳершел, ки дар Ҳиндустон хидмат мекард, барои аввалин бор пешниҳод кард, ки изи ангуштро дар як зиндон ба мақсади шиносоии шахсият истифода шавад.
Пештар ӯ ин усулро барои пешгирӣ аз қаллобӣ ҳангоми пардохти кӯмакпулӣ ба аҳолӣ истифода мебурд. Азбаски барои як нафар аврупоӣ шиносоии дақиқи аҳолии маҳаллӣ аз рӯи чеҳра мушкил буд, ӯ изи ангушти онҳоро мегирифт ва дар расидҳо ва дафтарҳои махсус сабт мекард.
28-уми июли соли 1586 Томас Ҳэриот ном англис буттаи картошкаро аз Колумбия ба Англия овард. Дар аввал аврупоиён онро ҳамчун гиёҳи нодиру зебо дар боғҳои ботаникӣ парвариш мекарданд. Танҳо дар асри XVII, бахусус дар солҳои гуруснагӣ, аҳамияти ғизоии картошка бештар зоҳир шуд ва он ба ғизои асосии мардуми аврупоӣ табдил ёфт.
Дар Фаронса олими табиатшинос Антуан Парманте барои тарғиби картошка онро дар заминҳои давлатӣ кишт кард. Ӯ ҳиллаи зираконаеро ба кор бурд, то картошка паҳн шавад. Ӯ рӯзона дар сари заминҳои кишти картошка посбон таъин мекард ва иҷоза медод ки шабона бираванд ва мардум метавонистанд бидузданд. Бо ҳамин картошка зуд дар саросари кишвар маъмул гардид.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 28 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 29+31º гарм.


