Тоҷикистон мехоҳад, ҳар сол истеҳсоли алюминии аввалияро 20% зиёд кунад

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар се соли наздик ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар маҳсуб меёбад, ба таври назаррас зиёд кунад. Мувофиқи "Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон" барои солҳои 2026-2028, ки бо қарори ҳукумат маъқул дониста шудааст, дар соли 2026 аз истеҳсоли 131 ҳазор тонна ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия интизорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар се соли наздик ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар маҳсуб меёбад, ба таври назаррас зиёд кунад.

Мувофиқи "Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон" барои солҳои 2026-2028, ки бо қарори ҳукумат маъқул дониста шудааст, дар соли 2026 аз истеҳсоли 131 ҳазор тонна ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия интизорӣ меравад, ки 21,1% зиёдтар аз нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2025 аст.

Тибқи ҳуҷҷат, дар соли 2027 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия то 157 ҳазор тонна (афзоиш – 19,9%) ва дар соли 2028 – то 188 ҳазор тонна (афзоиш – 20%) расонида мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои навӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон 82,2 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудаст, ки 23,3% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад (ҳудуди 67 ҳазор тонна).

Дар ифодаи пулӣ истеҳсоли алюминии аввалия дар соли гузашта то 230,2 млн сомонӣ (беш аз 21 млн доллар тибқи қурби соли гузашта) афзуда, арзиши умумии он 716,4 млн сомонӣ (65 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар соли 2024 дар ҳаҷми зиёда аз 71 ҳазор тонна алюминии аввалия ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки қариб 37% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2023 аст. Аз ҳисоби содироти ин маҳсулот дар соли гузашта беш аз 180 млн доллар даромад гирифта шудааст. Ҳиссаи алюминии аввалия дар ҳаҷми умумии содирот дар соли 2024 ҳамагӣ 9,2%-ро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 18,9 ҳазор тонна алюминии аввалия дар корхонаҳои маҳаллӣ коркард шудааст. Ин нишондиҳанда қариб 3,5 ҳазор тонна (22,5%) зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад.

Дар назар аст, ки соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия то 108 ҳазор тонна зиёд карда шавад.

Қобили зикр аст, ки ба истеҳсоли ин навъи фулузот (металл) дар Тоҷикистон ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) машғул аст, ки яке аз корхонаҳои бузургтарини ин соҳа дар паҳнои ИДМ ва ягона дар Осиёи Марказӣ оид ба истеҳсоли алюминий ба шумор меравад. Ин корхонаро, ки давоми солҳои 1960-1970 тамоми мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ сохтанд, то ҳол корхонаи бузургтарини саноатии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Иқтидори лоиҳавии ТАЛКО истеҳсоли 517 ҳазор тонна дар солро ташкил медиҳад. Бастаи пурраи саҳмияҳои корхона ба ҳукумати ҷумҳурӣ тааллуқ дорад.

Истеҳсоли алюминии аввалия аз 420 ҳазор тонна дар соли 2007 то 103 ҳазор тонна дар соли 2017 поин рафт. То сатҳи пешбинишуда дар соли 2025 ахиран он дар соли 2019 (101 ҳазор тонна) қарор дошт. Дар солҳои пандемия (солҳои 2020-2021) истеҳсоли алюминии аввалия қариб ду баробар кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.