Русия пас аз оғози ҷанг дар Украина ва аз сӯйи Ғарб ба ҳошия ронда шудан, таваҷҷуҳи худро ба Шарқ, махсусан ба Осиё Марказӣ, бештар кард. Ин минтақа беш аз сад сол пеш бо истифода аз нерӯ зери нуфузи Русия ворид карда шуд ва то ҳол минтақаи нуфузи ин кишвар дониста мешавад. Аммо ин бор Русия бо бештар кардани тарғибу таблиғи фарҳангу забон ва маорифи худ талош дорад нуфузашро дар ин минтақа ҳифз кунад.
Ҳоло ин кишвар барои таҳсили донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсия ҷудо мекунад. Дар Тоҷикистон панҷ мактаб сохтааст, ки тибқи барномаи Вазорати маорифи Русия фаъолият менамоянд ва нақша дорад, теъдоди онҳоро афзоиш диҳад. Ба Тоҷикистон муаллимони рус низ фиристода шудаанд ва теъдоди онҳо низ сол аз сол зиёд мешавад. Оҷонси “Россотрудничество”-и Русия низ фаъолияти худро ҷоннок карда, ҳунармандону рӯзноманигорони тоҷикро ба чорабиниҳои гуногун дар ин кишвар сафарбар мекунад. Низомиёни дар Тоҷикистон мустақари ин кишвар дар мактабҳои русии Тоҷикистон ва мактабҳои сохтаи Русия “дарсҳои ватандӯстӣ ва мардонагӣ” мегузаранд.
Коршиносон ин ҳама талошҳои ҳифзи нуфуз дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистонро аз сӯйи Русия пешбурди “нерӯи нарм” меноманд. "Нерӯи нарм" (soft power) қудрат ё василаи таъсиррасонӣ тавассути фарҳанг, маориф, иқтисод, дипломатия, аммо бидуни истифодаи нерӯ бо ҳадафи тақвияти нуфуз аст. Аз ин нерӯ аксари кишварҳо, махсусан кишварҳои пурқудрат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода мекунанд.
“Алабуга”: таҳсил ё васлу насби паҳпод?
Моҳи сентябри соли 2024 расонаҳои Тоҷикистон навиштанд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тотористони Русия барои хонандагони тоҷик ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии худ 100 квота ҷудо кард. Он замон Андрей Поминов, муовини аввали вазири маориф ва илми Тотористон, ки дар Тоҷикистон қарор дошт, гуфт, кишвараш ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла, дар заминаи Коллеҷи политехникии “Алабуга”, омода аст.
Номи Коллеҷи политехникии “Алабуга” дар расонаҳои Тоҷикистон пештар низ зикр шуда буд. Соли 2023 баъзе расонаҳои Тоҷикистон маводи таблиғотии ин коллеҷро интишор карданд, ки дар он аз духтарони тоҷик даъват мешуд, ба ин қоллеҷ шомил шаванд ва дар баробари таҳсил маоши баланд гиранд.
Коллеҷи политехникии “Алабуга” дар минтақаи озоди иқтисодии Елабугаи Тотористон ҷойгир буда, ҳамчун муассисаи таълимии улуми дақиқ ва техникӣ муаррифӣ мешавад.
Моҳи феврали соли 2024 Вазорати молияи ИМА нисбати “Алабуга” барои истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки дар ҷанги Русия дар Украина истифода мешаванд, таҳрим ҷорӣ кард.
Тобистони соли 2023 нашрияи “Протокол” ду тадқиқоти худро дар бораи минтақаи озоди иқтисодии “Алабуга” нашр кард ва ошкор намуд, ки донишҷӯёни Коллеҷи политехникии “Алабуга” дар асл ба ҷамъоварии паҳпод машғуланд.
Тадқиқоти якум дар бораи истеҳсоли паҳпод дар ин минтақа ва тадқиқоти дуюм оид ба шароити зиндагӣ ва кори донишҷӯён ин коллеҷ нақл мекунад.
Дар тадқиқот зикр мешавад, ки ин коллеҷ донишҷӯёнро бо иттилои дурӯғин, аз ҷумла ваъдаи “маоши баланд ва таҳсилоти босифат” ҷалб мекунад, вале пас аз дохил шудан, донишҷӯён ба воқеияти сахт рӯ ба рӯ мешаванд: кор бо фишори зиёд, вақти истироҳати кам, хӯроки носолим, камбуди имконияти дастрасӣ ба духтур, инчунин иҷрои вазифаҳои берун аз дарс, яъне насбу васли паҳпод.
Ҳамчунин, донишҷӯён аз тарси вайрон кардани шартҳои шартномаи басташуда, ки ҷаримаи ҳангуфтро пешбинӣ мекунад, аз кор даст кашида наметавонанд. Ҳатто донишҷӯёни ноболиғ низ маҷбуранд ба шароити ин коллеҷ мутобиқ шаванд. Дар тадқиқот аз ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани донишҷӯёни ин коллеҷ низ мисолҳо оварда шудааст. Натиҷаи ин тадқиқот дар расонаҳои Тоҷикистон низ нашр гардид.
Аммо масъулини коллеҷ ба ин тадқиқот расман вокуниш накарданд.
“Таҳсил”-и тоҷикон дар “Алабуга”
Тибқи иттилои дастрасгардида, дар Коллеҷи политехникии “Алабуга” хонандагони тоҷик низ ҳастанд. Талошҳои мо барои дастрас кардани иттилои дақиқ оид ба теъдоди тоҷиконе, ки дар ин коллеҷ таҳсил ва кор мекунанд, аз ниҳодҳои расмии Тоҷикистон, бесамар анҷомид. Аммо ду манобеи мо аз созмонҳои ҷамъиятии муқими Тотористон тасдиқ карданд, ки дар ин коллеҷ тоҷикон низ таҳсил мекунанд.
“Онҳо зиёд нестанд. Тахминан 8 нафар боқӣ мондаанд”, – гуфт яке аз манобеи мо.
Аммо онҳо низ аз ироаи маълумоти бештар дар бораи муҳассилини тоҷики ин коллеҷ худдорӣ карданд.
Дар саҳифаҳои ин коллеҷ дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба “дастовард ва шароити муносиб” маълумоти зиёд нашр гардида, ҳамчунин аз чанд тоҷике ном бурда шудааст. Гузашта аз ин, навори таблиғотие нашр гардидааст, ки дар он яке аз хонандагони тоҷики ин коллеҷ аз “амалӣ шудани орзуяш” нақл мекунад.
Илова ба ин, аз “аввалин олимпиада” низ хабар нашр карда, гуфтааст, ки он миёни 500 хонандаи синфи 9-11 аз 40 мактаби Тоҷикистон баргузор гардид. Ғолибон ном ба ном эълон шудаанд ва 24 хонандаи ба марҳилаи ниҳоӣ роҳёфта барои таҳсил дар коллеҷ даъват шудаанд.
Мо натавонистем ғолибони ин “олимпиада” ва барои “таҳсил” даъватшудагонро пайдо кунем ва маълум намоем, ки ба ин коллеҷ шомил шуданд ё не.
Без аз 60 ҳазор донишҷӯ дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия
Коллеҷи политехникии “Алабуга” ягона муассисаи таълимии Русия нест, ки барои довталабони тоҷик имконияти таҳсил фароҳам меорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон расман чор донишгоҳу донишкадаи Русия фаъолият мекунанд:
– Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон;
– Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов;
– Филиали Донишкадаи миллии тадқиқотии технологии “МИСиС”;
– Филиали Донишкадаи энергетикии Москва (МЭИ).
Дар маҷмӯъ, дар Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия теъдоди ҷавонони тоҷик, ки бо таҳсил ба забони русӣ фаро гирифта шудаанд, ба ҳолати моҳи марти соли 2023 беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Русия бошад, беш аз 33 ҳазор аст. Ва ин ҳудуди 80 дарсад аз теъдоди донишҷӯёни тоҷик аст, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд. Дар умум, тахминан 63 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои олии Русия таҳсил мекунанд.
Илова ба ин, Русия барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳояш ҳар сол бурсия ҷудо мекунанд ва соли 2023 теъдоди онро то 1000 нафар зиёд кард.
Вазири пешин: “Давлат бояд назорат кунад”
Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил кардани донишҷӯёни тоҷик бад нест, аммо ин раванд бояд аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон назорат шавад.
Ӯ сабаби таваҷҷуҳи зиёди хонандагону донишҷӯёни тоҷик ба муассисаҳои таълимии Русияро ба ду омил:
– омӯзиши забони русӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии Русия ё муҳоҷирати минбаъда дар ин кишвар;
– сифати хуби таълим ва муносибат дар муассисаҳои таълимии Русия вобаста медонад.
Дар баробари ин, таъкид менамояд, ки донишу шаҳодатномаи таҳсили онҳое, ки донишгоҳи хориҷиро хатм кардаанд, аз ҷониби Вазорати маорифи Тоҷикистон бояд санҷида шавад.
“Таҳкурсӣ”- и “нерӯи нарм”-и Русия аз макотиби миёнаи Тоҷикистон гузошта мешавад. Русия дар Тоҷикистон 5 мактаб сохтааст ва ният дорад, теъдоди онро ду баробар зиёд кунад. Бо аксари макотиби Тоҷикистон, ки дар онҳо таълим бо забони русӣ аст ва ё ҳадди ақалл синфҳои русӣ мавҷуд аст, намояндагони фарҳангӣ ва низомии Русия ҳамкорӣ доранд. Ҳолатҳои шарҳи “амалиёти махсуси низомии Русия дар Украина” ба хонандагони тоҷик низ мушоҳида мешавад.
“Таҳкурсӣ”
Ҳоло дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ бо 150 млн доллари ИМА аз сӯйи Русия сохтаву ба истифода дода шудааст ва дар онҳо 5,7 ҳазор хонанда аз рӯи барномаи таълимии ин кишвар таҳсил мекунанд. Аммо дар Русия ягон мактаб ё синфи тоҷикӣ амал намекунад.
Ин дар ҳолест, ки соли 2015 дар Тоҷикистон мактабҳои туркии Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии ин кишвар баста шуд. Дар мактабҳое, ки дар Тоҷикистон бо забони ӯзбекӣ, қирғизӣ ё туркманӣ фаъоланд таълим дар асоси барномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон аст.
Мавзуна Ниёзова, модарест, ки фарзандаш дар мактаби русӣ таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, фарзандаш мехост забони русиро омӯзад, аз ин рӯ ӯро ба мактаби русии ба номи А.П. Чехов, ки Русия дар Хуҷанд сохтааст, гузоштанд.
Ӯ ҳоло дар синфи 9 мехонад ва пештар дар яке аз гимназияҳои шаҳр, ки дар он таълим бо забонӣ русӣ буд, таҳсил мекард.
Ниёзова аз шароти таҳсил дар ин мактаб қаноатманд аст. Ӯ мегӯяд, омӯзгорони он сахтгиранд ва ин ба фоидаи фарзандаш аст.
“Яке аз манфиатҳои ин мактаб дарсҳои иловагӣ аст, ки баъди дарсҳои асосӣ писарам мехонад. Ҳамчунин, дар ин мактаб китобҳои дарсӣ, машғулиятҳои беруназсинфӣ, мисли шиноварӣ ройгон пешниҳод мешавад”,- мегӯяд Ниёзова.
Аммо эътироф менамояд, ки пас аз ифтитоҳи ин мактаб дар бораи он расонаҳо зиёд навиштанд ва сокинон ҳам зиёд гуфтанд, аз ин лиҳоз ин мактабро интихоб кардаанд.
Хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” менависад, ки қарор аст то соли хониши 2030 Русия боз 5 мактаби дигар созад, ки дар онҳо 5 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Ба иттилои ин расона, ҳоло ба ҷуз ин 5 мактаби сохтаи Русия, дар Тоҷикистон боз 38 мактаби дигар бо забони русӣ фаъол аст. Дар 152 мактаби дигар бошад, синфҳои русӣ мавҷуданд.
“Соли равон (2024 дар назар аст) дар як мактаби дигар – кӯҳантарин гимназияи № 1-и шаҳри Хуҷанд – ду синфи дигари русӣ барои 57 хонанда ташкил шуд”, – менависад ин расона.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар мулоқоти ахири худ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки ба ҷуз мактабҳое, ки аз сӯи Русия сохта шудаанд, инчунин дар 4,5 ҳазор мактаби Тоҷикистон забони русиро таълим медиҳанд.
Ҷамшед Ҷӯразода, собиқ муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон соли 2023 гуфт, дар Тоҷикистон беш аз 200 мактаби русӣ — тоҷикӣ фаъолият мекунад, ки ин шумора ҳанӯз кам аст.
“Феълан 60 мактаб пурра русӣ, боқӣ русиву англисӣ, русиву тоҷикӣ, русиву англисиву тоҷикӣ, русиву тоҷикиву ӯзбекӣ ҳастанд”, – гуфта буд ӯ.
Муовини вақти вазир гуфта буд, ки норасоии омӯзгорони забони русӣ эҳсос мешавад, вале дақиқ нагуфт, ки чӣ теъдод омӯзгор намерасад.
Омӯзгорони рус
Айни замон омӯзгорон аз Русия низ дар Тоҷикистон машғули коранд. Соли 2024 тибқи барномаи “Омӯзгори Русия дар хориҷа”, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Русия роҳандозӣ шудааст, 66 омӯзгор аз Русия ба Тоҷикистон барои кор омаданд.
Барномаи мазкур дар кишвар аз соли 2017 бо дастгирии намояндагии “Россотрудничество” мавриди амал қарор дорад.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам хостори ирсоли муаллимони рус ба Тоҷикистон мебошанд. Ба ин нукта Владимир Путин зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон дар Русия ишора кард.
“Дар соли 2025 Русия теъдоди омӯзгорони худро дар Тоҷикистон аз 72 ба 82 нафар афзоиш хоҳад дод. Медонам, ки шумо ҳамеша моро танқид мекунед, муаллимони русӣ хеле каманд ва китобҳои дарсӣ намерасанд. Ман бо шумо комилан розӣ ҳастам”, – гуфта буд ӯ.
Даъвати омӯзгорони рус аз Русия ба Тоҷикистон вокунишҳоро ба дунбол овард. Коршиносон ва мунтақидон мегӯянд, барномаи ҳамкориҳои гумантираву фарҳангӣ як бахше аз стратегияи умдаи Русия барои таҳти нуфузи худ нигоҳ доштани ин кишвар мебошад.
Китобҳои русӣ
Ҳамасола Русия тавассути фондҳои гуногун ҳазорҳо китоб бо забони русӣ ба мактабҳои Тоҷикистон мефиристад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли гузашта Фонди “Моя история” (Таърихи ман) бо дастгирии Вазорати маорифи Русия ба Вазорати маорифи Тоҷикистон зиёда аз 371 ҳазор китоби дарсии забони русӣ “тақдим кард”.
Қаблан Владимир Путин низ изҳор дошта буд, ки Русия ҳар сол барои харидории китобҳои дарсӣ барои мактабҳои русзабони Тоҷикистон 200 млн рубл ҷудо хоҳад кард.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин китобҳо барои мактабҳои сохтаи Русия пешбинӣ шудааст, вале дар бархе аз синфҳои русии мактабҳои давлатӣ ҳам аз ин китобҳо истифода мешавад. Ин китобҳо аксаран тибқи барномаи таълимии Русия таҳия шудааст.
Дарси “ватандӯстӣ”-и сарбозони пойгоҳи 201-ум
Сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ барои тарғибот дар мактабҳои Тоҷикистон истифода мешаванд. Онҳо ба мактабҳои миёнаи давлатии Тоҷикистон мераванд ва ба хонандагон дарси “ватандӯстӣ”, “мардонагӣ” мегузаронанд.
Ин чиз махсусан бо шурӯъи ҷанг дар Украина авҷ гирифт. Моҳи декабри соли 2024 даҳҳо хонандаи мактабҳои Душанбе аз пойгоҳи 201-уми Русия дар пойтахт дидан карданд ва бо “қаҳрамонии ширкаткунандагони амалиёти махсуси ҳарбӣ (СВО)” шинос шудаанд.
“Дар ҷараёни экскурсия, хонандагон ба "Роҳрави шуҳрат"-и қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиёти махсуси ҳарбӣ (СВО) ташриф оварда, инчунин намоишгоҳи техникаи ҳарбиро тамошо карданд”, – навиштааст маркази матбуоти пойгоҳи 201-ум.
Манбаъ навиштааст, ки хонандагони мактабҳои пойтахт аз “ғанимат ва ашёи шахсии ҷангиёни украинӣ бо рамзҳои фашистӣ, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Русия дар давраи амалиёти махсуси ҳарбӣ гирифта шудаанд” шинос шуданд.
Гуфта мешавад, ки “экскурсияҳо барои хонандагони Тоҷикистон ба як анъанаи нек аз ҷониби хизматчиёни пойгоҳи 201-ум табдил ёфтаанд. Ин чорабинӣ дар доираи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва фарҳангии насли ҷавон, инчунин таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳои Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид”.
Моҳи марти соли 2024 сарбозони погойҳи 201-уми Русия барои хонандагони синфи 11-и мактаби №41 шаҳри Душанбе “дарси мардонагӣ омӯхтаанд”.
Ба мактаббачагон дар бораи “ҳаёти қаҳрамон ва чӣ тавр партизанҳо бо техникаи ҳарбӣ поездҳои душманро аз роҳ бароварда, анборҳоро тарконданд ва ба гарнизонҳои душман ҳуҷум карданд” нақл кардаанд.
Директори мактаб Зафар Маҳмадов ба сарбозони пойгоҳи 201-ум “барои саҳми онҳо дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон” миннатдорӣ баён кардааст.
Яке аз омӯзгорони як мактаби пойтахт, ки дар дарсҳои “мардонагӣ” ва “ватандӯстӣ”-и сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия ширкат кардааст, гуфт, ки дар ин “дарсҳо” дар бораи ҷанги Русия дар Украина низ сухан меравад.
“Баъзан Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҷанг дар Украина муқоиса мешавад ва низоми имрӯзаи Украинаро ба фашистони солҳои ҶБВ монанд карда, таъкид менамоянд, ки кори Русия дуруст аст. Яъне дар бораи ҶБВ бо ишора ба ҷанг дар Укрина нақл мекунанд”, – гуфт ин омӯзгор.
Вале вай гуфт, барои ширкат дар ҷанги Укрина ва ё “амалиёти махсусӣ ҳарбӣ” даъват намекарданд.
“Россотрудничества”
“Россатрудничество” марказҳои фарҳангӣ – адабии Русия аст, ки чанд сол инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Бо шурӯъи ҷанг дар Украина фаъолияти ин марказ густурдатар гардид. Аз ҷумла, “Россатрудничество моҳи октябри соли гузашта дар Тоҷикистон дар назди Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе нахустин маркази захиравӣ бо формати нав бо номи “Русия бо шумо” (“Россия с вами”)-ро боз кард.
Масъулини ин марказ гуфтаанд, ки нақша доранд дар оянда шумораи чунин марказҳоро зиёд кунанд, чунки мебинанд, ки талабот ба он дар кишвар мавҷуд аст.
“Маркази “Русия бо шумо” як лоиҳаи пилотии “Россотрудничество” мебошад. Дар ин фазои фарҳангӣ-маорифӣ ҳама чиз барои он муҳайёст, ки кӯдакони фаъол ва кунҷкови синну соли гуногун донишҳои навро дар соҳаҳои илм ва техника ба тарзи шавқовар дарёфт кунанд”, – гуфтааст Андрей Патрушев, ин ниҳод.
Вера Хуторская, мушовири сафир дар Сафорати Русия дар Тоҷикистон зимни кушодашавии марказ гуфтааст, ки “мо муносибати гарму самимӣ нисбат ба забон ва фарҳанги русиро эҳсос мекунем. Дар он ҷойҳое, ки чунин эҳсосот ва талабот вуҷуд дорад, масалан, Тоҷикистон, мо ҳамеша мегӯем: “Русия бо шумо”.
Ҳамчунин, ҳамасола даҳҳо нафар, махсусан ҷавононро барои омӯзиш ва ширкат дар чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ, иттилотиву маданӣ, ки дар Русия мегузарад, мефиристад. Танҳо дар як соли охир чанд журналисту коргардони тоҷик барои ширкат дар фестивал ва намоишгоҳҳои Русия ширкат карданд.
Яке аз онҳо Одина Маҳмад, коргардони тоҷик аст, ки дар як соли охир ду маротиба ба чорабиниҳои фарҳангии ин кишвар рафтааст.
Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ки пештар чунин имкониятҳо камтар буд ва тақрибан ду-се соли охир чунин имкон бештар шуд.
“Ширкат дар ин чорабиниҳо дарро барои рушди шахсӣ ва эҷодии ман боз кард ва имкон дод, бо ҳамкасбони нави худ дар дигар кишварҳо шинос шавам. Ҳоло чанд филмнома омода кардем, ки дар якҷоягӣ ба навор мегирем. Ин имкон пештар дар мо набуд”,-гуфт Одина Маҳмад.
Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик, ки масоили вобаста ба таблиғотро пайгирӣ мекунад, фаъолшавии Русияро корбурди василаҳои “нерӯи нарм” ҷиҳати ҳифзи нуфуз дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари коҳиши таъсираш дар Кафқози Ҷанубӣ медонад.
“Русия мехоҳад паҳнои Иттиҳоди Шӯравии пешинро идора кунад. Осиёи Марказӣ ба он хотир барои Русия муҳим аст, ки бо шарикони наздикаш – Чину Эрон ҳамсарҳад аст”, – мегӯяд Мамадшоев.
Мушаххас дар мавриди таваҷҷуҳ ба макотиби русӣ, Мамадшоев мегӯяд, теъдоде аз сокинони кишвар чунин меҳисобанд, ки мактабҳои русӣ маълумоти комил медиҳад. Ҳамчунин, теъдоде аз волидон ба хотири муҳоҷирати минбаъда ба Русия фарзандашонро дар мактаби русӣ мегузоранд.
Барои ташаккули чунин андеша дар ҷомеа, ба андешаи ин рӯзноманигор, нақши расонаҳои Русия назаррас аст.
“Расонаҳои Русия дар ташаккули тафаккури ҷомеаи Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд, ҳарчанд сол аз сол коҳиш меёбад, аммо эҳсос мешавад”,-мегӯяд Мамадшоев.
Ӯ зикр мекунад, ки “нерӯи нарм” албатта хатар дорад, аммо наметавон василаҳои онро манъ кард. Ягона роҳи мубориза бо он, пешниҳоди гузинаҳои миллии беҳтар аст.
Чӣ бояд кард?
Ин чанд роҳе аст, ки Русия тавасути татбиқи “нерӯи нарм” дар Тоҷикистон мехоҳад нуфузи худро ҳифз кунад. Коршиносон мегӯянд, барои ба доми таблиғи Русия наафтодан бояд чанд роҳро истифода кард.
Муҳайё Нозимова, рӯзноманигори тоҷик, ки чанд соли охир ба пешниҳоди иттилоъ дар бораи таҳсил дар хориҷ ба ҷавонони тоҷик машғул аст, мегӯяд, роҳи таъсирнок ин рушди тафаккури интиқодӣ, санҷиши маълумоти дарёфта тавасути сомонаҳои расмии макотиби олӣ, назорати раванди таҳсил аз сӯи мақомоти давлатии Тоҷикистон мебошад.


