“Квота барои донишҷӯён зиёд карда мешавад”. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мулоқот карданд

Имрӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия сафар кард. Ӯ дар Маскав чун нишони эҳтиром дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошт хотираи қаҳрамонони Русияро гиромӣ дошт. Баъдан Эмомалӣ Раҳмон дар қасри Кремл бо Владимир Путин, Президенти Русия мулоқот намуд. Хабаргузории РИА “Новости” хабар медиҳад, ки ҳар ду роҳбари давлат […]

Asia-Plus

Имрӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия сафар кард. Ӯ дар Маскав чун нишони эҳтиром дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошт хотираи қаҳрамонони Русияро гиромӣ дошт.

Баъдан Эмомалӣ Раҳмон дар қасри Кремл бо Владимир Путин, Президенти Русия мулоқот намуд.

Хабаргузории РИА “Новости” хабар медиҳад, ки ҳар ду роҳбари давлат аз муносибатҳои байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ба навиштаи ин расона, Владимир Путин зимни мулоқот таъкид кардааст, ки квота барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Русияро барои солҳои 2024-2025 то ҳазор адад зиёд мекунанд.

Ҷузъиёти дигари мулоқот ҳоло рӯшан нест.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ ба Русия рафт ва дар назар аст, ки ин сафар пагоҳ, 22-юми ноябр низ идома ёбад. Зимни ин сафар, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Русия Михаил Мишустин низ мулоқот намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.