Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 июли соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 30 ИЮЛ

Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон (соати 08:00), ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” (соати 09:00), Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (соати 10:00), Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (соати 11:00), Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (соати 08:00) ва дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (соати 09:00).

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 ИЮЛ

Соли 1928 – Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Тоҷикистон таъсис дода ёфтааст. Аз он вақт инҷониб, 30-юми июл ҳамчун Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ дар кишвар таҷлил мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2012 – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон санади расмие нашр кард, ки дар он чор нафар ҳамчун иштирокчиёни асосии нооромиҳои 24 июли соли 2012 дар ВМКБ номбар шудаанд. Гуфта мешуд, ин афрод ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ роҳбарӣ карда, бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо машғул будаанд.

Соли 2013 – Дар ҷаласаи ҳукумати кишвар қоидаҳои баҳисобгирӣ ва додани Рақами мушаххаси андозсупорандагон ва низоми нишонгузории баҳисобгирӣ тасдиқ гардид.

Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони Суғд корхонаи парандапарварии ҶДММ “Суғд-саноат-паранда”-ро ба истифода дод.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Мавлуди Ҳабибулло Саидмуродов, академики тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ.

Соли 1936 – Зодрӯзи Усмон Олим, нависанда ва шоири тоҷик.

Соли 1951 – Мавлуди Фирӯза Амонова, шарқшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.

Соли 1979 – Мавлуди Муҳсин Чавошӣ, таронасарои маъруфи эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад.

Соли 2010 – Абдулло Раҳимов, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа дар 78-солагӣ даргузашт.

Соли 2011 – Абдулманнон Насриддин, адабиётшинос, доктори илмҳои филология дар 57-солагӣ  даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

30-уми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2011 расман таъсис дода шудааст. Идеяи асосии ин рӯз бар Декларатсия ва Барномаи фарҳанги сулҳ асос ёфта, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии фарҳанги сулҳ ва зӯроварии ғайриқобили қабул роҳандозӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар қатъномаи СММ махсусан таъкид шудааст, ки дӯстӣ миёни халқҳо, кишварҳо, фарҳангҳо ва шахсони алоҳида метавонад воситаи муҳими таҳкими сулҳ гардад ва дар барқарории робитаҳо байни ҷомеаҳои гуногун нақши калидӣ бозад.

Ҳамасола 30-юми июл дар ҷаҳон Рӯзи мубориза бо харидуфурӯши инсон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 2013 бо ташаббуси СММ таъсис ёфта, ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи вазъи қурбониёни харидуфурӯши инсон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гарчанде ки асри ғуломдорӣ расман ба поён расидааст, вале харидуфурӯши инсон то имрӯз як мушкили ҷиддии ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Ин ҷиноят, ки дигар асоси қонунӣ надорад, ҳоло ҷинояти вазнин дониста мешавад.

Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат, дар саросари ҷаҳон беш аз 21 миллион нафар қурбонии меҳнати иҷборӣ ба ҳисоб мераванд.

30-юми июл инчунин ҳамчун Рӯзи нӯшокиҳои ранга ҷашн гирифта мешавад. Гарчанде сарчашмаи дақиқи пайдоиши ин рӯз маълум нест, вале он ба як фурсате табдил ёфтааст, ки одамон метавонанд бо дӯстон ҷамъ шаванд ва нӯшокиҳои гуногунрангу болаззат омода ва ба якдигар пешниҳод намоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 30 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...