Мулоқоти кории сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Чолпон-Ота

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров рӯзи 29 июл шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон мулоқоти корӣ баргузор намуда, дар он натиҷаҳои сафари давлатии чанде пеши мутақобиларо баррасӣ карданд. Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд. “Сарони […]

Asia-Plus

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров рӯзи 29 июл шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон мулоқоти корӣ баргузор намуда, дар он натиҷаҳои сафари давлатии чанде пеши мутақобиларо баррасӣ карданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд.

“Сарони давлатҳо муҳиммияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро   таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 13-14 март Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафта буд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатҳи олӣ миёни кишварҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки Шартнома  дар бораи сарҳади давлатӣ аз муҳимтарини онҳо маҳсуб меёбад.

Садир Жапаров бо сафари давлатии ҷавобӣ рӯзҳои 8-9 июл ба Тоҷикистон омад. Ҷонибҳо Созишнома дар бораи тадбирҳои эътимод байни кишварҳо ва боз 14 санади дигар ба имзо расонида, инчунин Изҳороти муштарак қабул карданд, ки дар он таҳқими минбаъдаи шарикии сатратегӣ тасдиқ карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.