Пагоҳ Содир Жапаров ба Тоҷикистон меояд. Дар доираи сафари ӯ кадом чорабиниҳо доир мегарданд?

Пагоҳ, 8-уми июл Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафари ӯ ба кишвари мо ду рӯз, то 9-уми июл давом карда, дар доираи он вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон, имзои санадҳои ҳамкорӣ ва дар ҳошияи он, баргузории чорабиниҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар назар аст.   Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон Ҳоло як гурӯҳ […]

Пагоҳ, 8-уми июл Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафари ӯ ба кишвари мо ду рӯз, то 9-уми июл давом карда, дар доираи он вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон, имзои санадҳои ҳамкорӣ ва дар ҳошияи он, баргузории чорабиниҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар назар аст.

 

Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳоло як гурӯҳ соҳибкорони қирғиз ба Тоҷикистон омаданд ва дар назар аст, ки имрӯз,7-уми июл аз бархе ширкатҳои Тоҷикистон боздид кунанд. Онҳо намояндагони 8 ширкати тиҷорӣ, 6 ширкати саноатӣ ва 5 ширкати сайёҳии Қирғизистон мебошанд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки рӯзи 8-уми июл, соати 14:00 дар маҷмааи “Кохи Истиқлол” форуми сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон доир хоҳад шуд.

Мақсади баргузории форум “таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон” гуфта мешавад.

Дар доираи форум, пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мулоқотҳои “B2B” ва мунозираҳои панелӣ дар назар аст.

Ҳамчунин рӯзи 8-уми июл, соати 9:00 дар “Маркази ЭКСПО-Душанбе” намоишгоҳи Қирғизистон ифтитоҳ мегардад ва давоми рӯз имкони боздид аз он фароҳам аст.

 

Барномаи фарҳангии “Дӯстии абадӣ” дар Кохи “Борбад”

Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар доираи сафари раисҷумҳури Қирғизистон, шоми 8-уми июл бо ширкати ҳунармандони ду кишвар дар Кохи “Борбад”-и Душанбе барномаи фарҳангии “Дӯстии абадӣ” баргузор шавад. Бо ин мақсад, як рӯз пештар дастаҳои ҳунарии Қирғизистон ба Тоҷикистон омаданд.

Мирзоолим Саидов, сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанг дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт интизор меравад, ки дар барномаи консертӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ширкат варзанд.

Манбаъ гуфт, ба эҳтимоли зиёд консерти “Дӯстии адабӣ” соати 18:00 баргузор мешавад.

Ҳамчунин, рӯзи 9-уми июл, соати 18:00 дастаи ҳунарии Қирғизистон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертӣ доир мекунад.

Ёдрас мешавем, ки дар бораи сафари Содир Жапаров ба Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш маълум шуд. Гуфта мешуд, дар доираи ин сафар ҷонибҳо масоили кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд.

Зимнан, баъди ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақа, ки дар солҳои гуногун боиси муноқишаҳо ва изтиробу ташвиши сокинон гардида буд, муносибатҳои ду кишвар аз нав гарм шуданд.

Баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома оид ба сарҳад имзо шуд. Рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид, ки ҳунармандону аҳли фарҳангу зиёи Қирғизистон низ дар он иштирок намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.