Ярмаркаҳои фурӯши либосҳои мактабӣ дар Душанбе. Кай ва дар куҷо баргузор мешавад?

Дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 1 то 31-уми август ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мешавад. Онҳо аз субҳ соати 9:00 то бегоҳ соати 17:00 фаъолият карда, то оғози соли нави хониш идома мекунанд. Ярмаркаҳои фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ дар маконҳои зерин доир хоҳанд гашт: – ноҳияи Исмоили Сомонӣ: дар мағозаҳои истеҳсолии ҶДММ […]

Дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 1 то 31-уми август ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мешавад. Онҳо аз субҳ соати 9:00 то бегоҳ соати 17:00 фаъолият карда, то оғози соли нави хониш идома мекунанд.

Ярмаркаҳои фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ дар маконҳои зерин доир хоҳанд гашт:

ноҳияи Исмоили Сомонӣ: дар мағозаҳои истеҳсолии ҶДММ “Истиқлол”, ҶДММ “Чеварони Лола”, ҶДММ ва ҶСК “Гулистони Душанбе” (кӯчаи Теҳрон, 21);

ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаи Валаматзода, 8 (назди бинои ҳукумати ноҳия), дар назди Маркази савдои “Садбарг”, кӯчаи Айнӣ, 307/5 (Маркази савдои “Ховарон”) ва кӯчаи А. Лоҳутӣ, 4/33 (Маркази савдои “Гелос”);

ноҳияи Фирдавсӣ: дар ҳудуди бозори “Корвон”, дар “Дунёи нав АСК” (маҳаллаи 61-ум, кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон), дар фабрикаи “Нассоҷии тоҷик” (Комбинати матоъ), дар Маркази савдои “Ганҷина” (воқеъ дар “Саховат”), “Панҷшер” ва “Фаёз-2015”;

ноҳияи Сино: дар ҳудуди бозори “Сафориён” (бозори паси Автовокзал).

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи хариди либосҳои мактабӣ ҳар сол қабл аз оғози соли хониш доғ мешавад, зеро баъзе аз масъулини мактабҳои кишвар волидонро маҷбур мекунанд, барои фарзандонашон аз мағозаҳои муайян либос харанд. Аммо масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, хариди либоси мактабӣ аз ҷойҳои мушаххас иҷборӣ нест ва волидону хонандагон ҳақ доранд, ки либоси мактабии худро озодона харанд.

Ёдовар мешавем, ки қарори ташкили ярмаркаро 28‑уми июли соли 2021 Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба имзо расонида буд ва инак чор сол мешавад, ки баргузор мегардад.

Дар баробари баргузор шудани ярмаркаи либосҳои мактабӣ ҳамасола бо наздик омадани соли нави хониш, сокинони кишвар аз қимматии либос ва лавозимоти мактабӣ шикоят мекунанд.

Онҳо мегӯянд, нархи либос ва лавозимоти мактабӣ дар ярмаркаҳо низ тақрибан ба нархи бозору мағозаҳои пойтахт наздик аст.

Соли гузашта хабарнигори “Азия‑Плюс” бо нарху навои ярмаркаҳои фурӯши либосҳои мактабӣ дар бозори “Корвон”, корхонаи “Нассоҷии тоҷик” ва корхонаи “Гулистони Душанбе” ошно гардид ва назари сокинону масъулинро оид ба нархгузорӣ пурсида буд, ки дар ин пайванд хонда ва тамошо карда метавонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.