Ӯзбекистон харидори асосии ангишти Тоҷикистон аст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар саноати истихроҷи кӯҳӣ ва ангишти Тоҷикистон рушди устувор ба мушоҳида мерасад. Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми истеҳсол ба таври назаррас афзуда, корхонаҳои нав таъсис ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам сохта шуд. Дар кишвар коркарди ашёи хом фаъолтар шуда, содирот зиёд шуд. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар зарфи […]

Дар саноати истихроҷи кӯҳӣ ва ангишти Тоҷикистон рушди устувор ба мушоҳида мерасад. Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми истеҳсол ба таври назаррас афзуда, корхонаҳои нав таъсис ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам сохта шуд. Дар кишвар коркарди ашёи хом фаъолтар шуда, содирот зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар корхонаҳои соҳа ба маблағи 12,7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 5,6 млрд сомонӣ ё худ 42% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Тавре ки дар иттилоияи Вазорат зикр мешавад, рушди устувор аз ҳисоби васеъ намудани ҳаҷми коркард ва содироти маҳсулоти тайёр (ниҳоӣ), гузаштан ба технологияҳои муосири истихроҷ ва муҳайё кардани ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъмин карда шудааст.

Дар қатори омилҳои калидӣ рушди зерсохтор, ҷорисозии истеҳсолоти худкоршуда (автоматӣ) ва тайёр кардани кадрдҳои ҳирфаӣ номбар шудааст.

Ба ҷараёни рушд ҶДММ “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин” саҳми назаррас гузошта, ҳаҷми истеҳсол дар ин ширкат 1,4 баробар – аз 3,1 то 4,5 млрд сомонӣ афзудааст.

Миёни дигар корхонаҳои пешсафи соҳа метавон аз ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб”, КВД “Душанбе саноати кӯҳӣ” (ҶДММ “ТВЭА” Душанбе саноати кӯҳӣ”), ТАЛКО Голд, “Апрелевка”, “Тиллои тоҷик”, “Пакрут” ва дигар корхонаҳо ном бурд.

Ҳамаи онҳо дар татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ то соли 2025 (Қарори №93 аз 1 марти соли 2019) фаъолона саҳм мегузоранд. Дар Барнома афзоиши ҳиссаи маҳсулоти тайёр то 120% дар муқоиса бо сатҳи 2020 пешбинӣ шудааст.

Дар баробари рушди зерсохтор корхонаву конҳои нав сохта шуда, ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла барои ҷавонон фароҳам сохта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, иштироки президент дар маросими ифтитоҳи иншшоти калидии саноатӣ аҳаммияти хосса дорад. Моҳи апрели соли 2025 дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Рашт сарвари давлат ба иқтидориҳои истеҳсолӣ дар КВД “ТВЭА Душанбе саноати кӯҳӣ” ҳусни оғоз бахшид.

Саноати истихроҷи ангишт минтақаро таъмин мекунад

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар саноати истихроҷи ангишти ҷумҳурӣ тамоюли мусбати рушд ба мушоҳида расид. Корҳои истихроҷи ангишт дар 16 корхонаи воқеъ дар 12 ноҳияи кишвар амалӣ шуд.

Ҳаҷми умумии истихроҷ 1 млн 56,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 109,2 ҳазор тонна (ё худ 12%) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ангишт ба чор кишвари минтақа – Ӯзбекистон (зиёда аз 80%), Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа Вазораи саноат бо сармоягузорони имконпазир аз Русия, Чин, Аврупо ва Ӯзбекистон гуфтушунид дорад. Ин ҷо сари ҷалби сармоя барои сохтмони коркарди ангишти коксшавандаи “Фон-Яғноб”, инчунин роҳандозии истеҳсоли кокс ва антрасит дар заминаи кони “Назар-Айлоқ” сухан меравад.

Ин лоиҳаҳо ба протокол ва нақшаи чорабиниҳои Комиссияи байниҳукумати оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дохил шуда, дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.