Содироти алюминий аз Тоҷикистон 35,3 млн доллар зиёд шуд

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 131,7 млн доллар алюминий ва маҳсулоти кимиёвӣ содир шудааст, ки 35,3 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Маҳсулоти асосиии содиршуда алюминии аввалия, профилҳо (сохторҳо)-и алюминий ва маводи таркандаи саноатӣ мебошанд. Маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизистон, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 131,7 млн доллар алюминий ва маҳсулоти кимиёвӣ содир шудааст, ки 35,3 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Маҳсулоти асосиии содиршуда алюминии аввалия, профилҳо (сохторҳо)-и алюминий ва маводи таркандаи саноатӣ мебошанд. Маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин кишварҳои хориҷи дур – Русия, Туркия ва Аврупо интиқол дода шуд.

Дар нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 11,5 ҳазор тонна аюминии коркардшуда истеҳсол шудааст.

Ин нишондиҳанда 3,6 ҳазор тонна зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давра соли 2024 буда, 45% афзоиши суръати коркардро нишон медиҳад.

Якчанд корхонаҳои бузург, аз қабили Титан-8888» бо ҳаҷми истеҳсоли 1536 тонна, «Тоҷпроф» — 730 тонна, «Алюмин проф» — 588 тонн ва “Ширкати алюминии тоҷик”, ки 589 тонна алюминии коркардшуда истеҳсол кардааст, чунин афзоиши коркардро таъмин карданд.

Зикр шуд, ки ин корхонаҳо дар афзоиши коркарди алюминий дар кишвар нақши калидӣ бозида, ин дар навбати худ, нишондиҳандаҳои Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ беҳтар кард.

Агар ба тамоюлҳои дарозмуҳлат назар андозем, пас аз соли 2016 ҳаҷми коркарди алюминий дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзуд. Соли 2024 ин нишондиҳанда 18,9 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки гувоҳи барҷастаи ин гуфтаҳо аст. Барои муқоиса: соли 2016 ин рақам дар сатҳи 7,8 ҳазор тонна қарор дошта, дар соли 2023 – аллакай ба 15,5 ҳазор тонна расид.

Ба сурати умум, дар зарфи 6 моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноати мошинсозӣ, мудофиа ва кимиёи Тоҷикистон ба маблағи 2506,6 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки 28,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.