ЧОРАБИНИҲОИ 18 АВГУСТ
– Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон охирин бозии худро дар мусобиқаи “Ҷоми истиқлоли Индонезия” баргузор мекунанд. Онҳо бо тими Ӯзбекистон рақобат хоҳанд кард. Бозӣ соати 13:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ дирӯз, 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.
Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ, рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 АВГУСТ
Соли 2018 – Дар Индонезия ҳаждаҳумин Бозиҳои тобистонаи Осиё ифтитоҳ ёфт, ки дар он 80 варзишгари тоҷик ширкат варзиданд. Дар натиҷа Тоҷикистон соҳиби 7 медал (4 нуқра ва 3 биринҷӣ) шуд.
Соли 2018 – Дар Душанбе бори аввал ҷашнвораи Dushanbe Summer Fest баргузор гардид.
Соли 2020 – Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио барои солҳои 2021–2025-ро тасдиқ намуд.
Соли 2023 – Дар ноҳияи Мурғоб дар майдони 10 гектар Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ ифтитоҳ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1936 – Мавлуди Заур Дахте, филмбардор ва аккоси маъруфи тоҷик.
Заур Дахте яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанги ду асри охир маҳсуб шуда, дар хориҷа ҳам маъруфият дорад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада, аз соли 1937 то соли 1951 дар Эрон зиндагӣ ва то синфи 6 дар мадрасае дар шаҳри Теҳрон таҳсил намудааст.
Баъдан дар парваришгоҳи байналмилалии Интердом шаҳри Ивановои Русия таҳсил ва зиндагӣ карда, сипас барои кор ба студияи “Тоҷикфилм” ба шаҳри Душанбе омад. Пас аз муддате ба Донишгоҳи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) пазируфта шуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш ӯро ба унвони филмбардори студияи “Тоҷикфилм” мешинохтанд.
Соли 1968 ӯ филми ҳунарии “Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна”-ро филмбардорӣ кард. Сипас силсилаи филмҳои “Чор нафар аз Чорсанг”, “Шераки ҷасур”-ро филмбардорӣ кард.
Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохта Борис Кимёгаров дар фаъолияти эҷодии ӯ ҷойгоҳе хос дорад. “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Рустам ва Суҳроб” беҳтарин филмҳои сохти “Тоҷикфилм” маҳсуб мешаванд ва ин филмҳо на танҳо дар қаламрави шӯравии собиқ, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёд доштанд. Дар таҳияи ин филмҳо Заур Дахте ба унвони филмбардор саҳми бузурге дорад.
Аккосӣ низ ҳунари дигари ӯст. Аввалин намоишгоҳи аксҳои Заур Дахте дар соли 2003 дар Душанбе баргузор шуда, баъдтар намоиши осори аккосиаш дар Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Белорус баргузор шуданд.
Ӯ 15-уми августи соли 2024, чанд рӯз пеш аз зодрӯзаш дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ба ҳалокат расид.
Соли 1940 – Зодрӯзи Файзулло Шарифзода, омӯзгор, донишманди маъруфи тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ.
Соли 1949 – Мавлуди Назри Яздон, Шоири халқии Тоҷикистон.
Назри Яздон фориғуттаҳсили шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе буда, аз даврони донишҷӯйӣ шеъру навиштаҳояш ба нашр мерасиданд.
Ӯ фаъолияти худро дар Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намуда, соли 1981 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи равобити адабӣ даъват шуда, дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият бурд. Солҳои 1991-1999 мудирии шуъбаи назорат ва ҳамоҳангсозии Кумитаи оид ба корҳои динро бар уҳда дошта, баъдан ба Институти фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ ба кор омад.
Ашъори Назри Яздон дар китобҳои “Меҳрбон”, “Тоҷикистон беҳтар аз ҷон”, “Нурборон”, “Дилнигора”, “Нурполо” ва дигар маҷмӯаҳо нашр шудаанд. Ӯ дар тарҷуҷмонӣ низ дасти қавӣ дорад. Ӯ аввалин шоири тоҷик аст, ки бевосита аз инглисӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст.
Ба силсилаи шеърҳои шоир ҳофизони маъруфи тоҷик оҳанг бастаанд.
Соли 1957 – Зодрӯзи Раъно Абдураҳмонова, собиқ вазири тандурустӣ.
Соли 1957 – Мавлуди Алиҷон Ғоибов, доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1960 – Мавлуди Салими Аюбзод, нависанда ва хабарнигори тоҷик, роҳбари бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ”.
Салими Аюбзод зодаи ноҳияи Мастчоҳ буда, ҳанӯз аз даврони таҳсил дар мактаби миёна хабару мақола, ҳикоя ва латифаҳояш дар нашрияҳо чоп мешуданд. Ӯ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар нашрияҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ва Маскав кор кардааст. Аз ҷумла, ӯ мудири бахши сиёсӣ ва иҷтимоии ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, ноиби сардабири “Ҳафтганҷ” ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” буд. Солҳои 1991-92 гузоришгари оҷонси хабарии НЕГА ва раиси намояндагии созмони АСМО-ПРЕСС дар Тоҷикистон буд. Дар соли 1992 ба Маскав кӯчид ва котиби масъули ҳафтаномаи “Голос”, сипас таҳлилгари “Независимая газета” таъйин шуд.
Салими Аюбзод аз соли 1990 хабарнигор ва аз 1995 корманди Дафтари марказии Радиои Озодӣ аст. Амалан ӯ аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо ин расона ҳамкорӣ карда ва барои кор ба он даъват шудааст. Маҳз бо ташаббусуи ӯ нахустин сомонаи интернетии тоҷикии Радиои Озодӣ бо хати сирилик таъсис дода шудааст.
Мавсуф ҳамчунин муаллифи шаш китоби мустанад ва бадеӣ: “Девор”, “Гунги хобдида”, “Сад ранги сад сол”, “Тоҷикон дар қарни бистум”, «Каме латра” ва филмҳои мустанади “Муҳоҷират”, “Бозгашти беохир” аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 18-уми август дар кишвар Рӯзи кормандони тиб таҷлил карда мешавад. Ин сана ба рӯзи таваллуди донишманди бузурги тоҷику форс – Абуалӣ ибни Сино рост меояд.
Ид бо ташаббуси кормандони соҳаи тиб ва Шӯрои федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1995 Парлумон онро расман ба рӯйхати ҷашнҳои давлатӣ ворид намуд.
“Қонуни тиб” яке аз донишномаҳои бузургтарин дар илми пизишкӣ мебошад. Он дар донишгоҳҳои Аврупо то асри XX барои таълими пизишкон истифода бурда шудааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 18 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кутоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм.


