Бонки ҷаҳонӣ: Тоҷикистон баъди 100 сол ба сатҳи кишварҳои сердаромад мерасад

Агар Тоҷикистон рушди худро дар сатҳи 10 соли охир нигоҳ дошта тавонад, танҳо пас аз 100 сол метавонад ба сатҳи кишварҳои даромади баланд расад. Аммо ин муҳлат метавонад кам шавад, агар дар соҳаи иқтисоду зерсохтор ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ислоҳоти муваффақона роҳандозӣ шавад. Ин пешгӯӣ дар гузориши иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Агар Тоҷикистон рушди худро дар сатҳи 10 соли охир нигоҳ дошта тавонад, танҳо пас аз 100 сол метавонад ба сатҳи кишварҳои даромади баланд расад. Аммо ин муҳлат метавонад кам шавад, агар дар соҳаи иқтисоду зерсохтор ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ислоҳоти муваффақона роҳандозӣ шавад.

Ин пешгӯӣ дар гузориши иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ зикр шудааст. Пешгӯиҳо доир ба дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ вобаста ба суръати рушди онҳо дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дигар кишвраҳои минтақа, аз ҷумла Туркманистон ва Қазоқистон ба ин сатҳ метавонанд дар давраи камтар аз 30 сол ноил гарданд. Ба Қирғизистон ҳудуди 70 сол лозим мешавад. Дар назар аст, ки ба Ӯзбекистон низ мисли Тоҷикистон барои расидан ба сатҳи кишварҳои дорои даромади баланд зиёда аз 100 сол муҳлат зарур аст.

Ин пешгӯӣ ба рушди даромад ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳисоби миёна таий 10 соли охир асос ёфта, поинравии рушди иқтисод бар асари пандемия ва душвориҳои нимаи солҳои 2010-ро ба инобат мегирад.

 

Тағйироти имконпазир дар пешгӯиҳо

Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо тамоюли давраи то пандемия коҳиш ёфт. Соли 2024 рушд ба ҳар сари аҳолӣ 2,9% дар муқоиса бо 3,9% ба ҳисоби миёна дар солҳои 2000-2020 ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и миёна ба ҳар сари аҳолӣ 2,5% пасттар аз пешгӯиҳои то пандемияро ташкил дод.

Дар соли 2026 суръати рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ начандон баланд – 4,4% дар як сол дар назар аст, ки ба коҳиши савдо бо Русия, муътадил шудани ҳаҷми интиқоли маблағ ва сармоягузориҳои маҳдуд ба соҳаҳои берун аз ашёи хом марбут аст.

Интиқоли маблағ дар дастгирии истеъмол ва коҳиши камбизоатӣ нақши калидӣ мебозанд: дар Тоҷикистон ҳаҷми онҳо қариб 40% нисбат ба ММД ва дар Қирғизистон – зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳанд. Сабук кардани сиёсати пуливу қарзӣ дар Тоҷикистон ба туфайли таҳкими қурби пули миллӣ ва поинравии таваррум то сатҳи поинтар аз ҳадафнок имконпазир шуд.

Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки барои гузаштан ба категориия кишварҳои дорои даромади баланд суръатбахшӣ ба рушди маҳсулнокӣ тариқи навсозии технологӣ, инноватсия ва рушди фаъолмандии соҳибкорӣ зарур аст.

Агар айни замон аксари кишварҳои минтақа стратетгияи «2i»  (сармоягузорӣ ва воридоти дониш/сармоя)-ро мавриди амал қарор дода бошанд, пас барои такони босифат ба онҳо лозим меояд, ки ба стратегияи «3i» гузашта, таркиби сеюм – инноватсияҳоро илова намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.