Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе боз кадом иншоотро ифтитоҳ кард?

Asia-Plus

Имрӯз, 21-уми август Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт кӯдакистон ва мактабро ифтитоҳ кара, биноҳои нави донишкадаи исломӣ ва бемористони бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро мавриди истифода қарор доданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, кӯдакистони №59 дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ шуд.

Бинои нави кӯдакистон дар муҳлати 2 сол бунёд гардида, барои 450 кӯдак пешбинӣ шудааст. Он аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, ба гуфтаи масъулин  барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар, шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

“Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад”, – менависад хадамаот.

Дар кӯдакистони нав 129 парастору дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин, имрӯз дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мактаби №4 ба истифода дода шуд. Бинои муассиса аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1 ҳазору 450 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Ба навиштаи хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Мактаби №4 дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст.

“Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад. Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст”, – менависад манбаъ.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе инчунин дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои асосии беморхона, ба навиштаи расмӣ, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 167 ҳуҷра, аз ҷумла 105 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 230 кат, шӯъбаҳои қабул ва ташхис, ҷарроҳӣ, осебҳои сӯхта, бемориҳои заҳролудшавӣ, шикастабандӣ, асаб ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Гуфта шуд, ки дар ин муассиса 107 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти муосир таҷҳизоти насли нав буда, "бори аввал ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Дар беморхона 62 табиб ва мутахассис фаъолият доранд.

Ғайр аз ин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифаро дар пойтахт ифтитоҳ карданд. Дар бораи ягона муассисаи олии исломӣ дар Тоҷикистон дар ин хабари мо маълумот бигиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...