Ҳалокати 4 ҷавон дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Хуҷанд

Дар пайи бархӯрди ду мошин дар шаҳри Хуҷанд 4 нафар ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса шаби 17 ба 18-уми август рух додааст. Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) гуфтааст, Абдуманон Файзиеви 29-сола, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Ашка” дар роҳи мошингарди хиёбони Юрий Гагарини шаҳри Хуҷанд “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил ҳаракат […]

Asia-Plus

Дар пайи бархӯрди ду мошин дар шаҳри Хуҷанд 4 нафар ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса шаби 17 ба 18-уми август рух додааст.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) гуфтааст, Абдуманон Файзиеви 29-сола, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Ашка” дар роҳи мошингарди хиёбони Юрий Гагарини шаҳри Хуҷанд “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил ҳаракат буромада", ба мошини тамғаи “BYD”, ки зери идораи Муқимҷон Ибрагимов 46-сола буд, бархӯрдааст. Ҳарду ронанда сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҳастанд.

Дар натиҷаи садама, 4 мусофири мошини “Опел-Ашка”, ки ҳама ҷавон буданд, ба ҳалокат расидаанд:

– Абдурозиқ Рӯзиеви 30-сола;

– Муҳаммадҷон Юсупови 29-сола;

– Музаффар Умурзоқови 29-сола;

– Абдуллоҷон Алиеви 29-сола.

Ҳамаи онҳо низ сокинони ноҳияи Б.Ғафуров буд, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд.

Ронандаи ҳарду мошин ҳамроҳ бо як мусофири “Опел-Ашка”, ки ҷавонзани 21-сола аз ноҳияи Б.Ғафуров будааст, захмӣ ва дар беморхона бистари гаштаанд.

Мақомот мегӯянд, ин ҳодисаро таҳқиқот доранд.

Бояд зикр кард, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат мебардоранд. Дар ним сол дар Тоҷикистон бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 кас маҷруҳ гаштаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ ронандагонро айбдор кард, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе маст мошин меронанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.