ЧОРАБИНИҲОИ 22 АВГУСТ
– Имрӯз соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон маҳфили шеъри Алимуҳаммад Муродӣ, Шоири халқии Тоҷикистон баргузор мегардад.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ дирӯз, 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.
Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ, рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
– Дар "Кохи Лоиқ"-и шаҳри Панҷакент нахустин намоишгоҳи "Сӯзании Панҷакент" идома дорад. Он дирӯз, 21 август ифтитоҳ шуда, то 24 август идома мекунад. Сокинону меҳмонон метавонанд аз соати 9:00 то 19:00 аз намоишгоҳ боздид кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 АВГУСТ
Соли 1930 – Анҷумани якуми умумиҷумҳуриявии забоншиносон баргузор гардид.
Соли 1979 – Дар Душанбе сокини 500-ҳазорумин ба дунё омад.
Соли 1990 – Чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Болдуэри Амрико, ки монанд ба чойхонаи маъруфи “Роҳат”-и Душанбе сохта шуда буд, ифтитоҳ гардид.
Соли 2005 – Телевизиони “Сафина” таъсис дода шуд.
Соли 2020 – Дар Ҷануби Судон ҳавопаймои боркаши Ан-26-и ширкати “South West Aviation” суқут кард. Дар байни қурбониён ду халабони тоҷик – Парвиз Қодиров ва Мирсултон Мираҳмедов низ буданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1912 – Мавлуди Ҳамро Тоҳирова, вазири сохтмони Тоҷикистони шуравӣ ва аввалин зани бинокор аз Тоҷикистон.
Ҳамро Тоҳирова хатмкардаи Донишкадаи давлатии Осиёи Миёна буда, муаллифи як қатор лоиҳаҳои бинову иншоотҳои таърихӣ дар кишвар буд.
Ӯ дар бунёди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ саҳм дошт ва биноҳои Маҷлиси Олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштирок ва роҳбарии ӯ сохта шудаанд.
Тоҳирова аз соли 1940 то соли 1954 дар вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла дар Шӯрои Комиссарони халқии ҷумҳурӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, мудири шуъбаи кор бо занон ва мудири шуъбаи кор бо саноат ва нақлиёти Кумитаи Марказӣ, вазири сохтмон, вазири масолеҳи бинокорӣ ва саноат, раиси Кумитаи давлатии нақшакашии ҷумҳурӣ, ҷонишини раиси шӯрои хоҷагии халқи ноҳияи иқтисодии Осиёи Миёна, ҷониши якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Вай аз соли 1968 то соли 1974 раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ буд.
Соли 1954 Ҳамро Тоҳирова вазири сохтмони Тоҷикистони шӯравӣ интихоб гашта, дар давоми ҳафт соли роҳбариаш биноҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Чойхонаи “Роҳат”, бинои Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, меҳмонҳонаи Душанбе, нерӯгоҳҳои барқи обии “Қайроққум”, “Норак” ва “Бойғозӣ”, биноҳои асосии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ қомат афрохтаанд.
Ӯ 14-уми феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1924 – Зодрӯзи Мирзо Бекматов, ходими давлативу сиёсӣ, яке аз иштирокчиёни ҶБВ.
Мирзо Бекматов дар синни 17-солагӣ ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Тошканд дохил шуда, баъди хатми он ба ноҳияи собиқ Шӯрообод барои дарс додан фиристода шудааст.
Аммо пас аз ду сол ба ҷанг даъват шуда, то рӯзи пирӯзӣ дар майдон будааст.
Ӯ солҳо дар вазифаи гуногун – раиси Комиҷроияи шаҳри Кӯлоб, котиби якуми кумитаи Ҳизби коммунист ва раиси Кумитаи назорати халқии вилояти Кӯлоб кор кардааст. Бекматов аз соли 1987 то охири умр раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буд.
Ӯ, ки охирин иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон аз минтақаи Кӯлоб буд, рӯзи 2-юми феврали соли 2021 дар 97-солагӣ даргузашт.
Пиромуни рӯзгору корномаи Мирзо Бекматов дар маводи "Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид" мутолиа кунед.
Соли 1924 – Мавлуди Шаҳодат Сиддиқова, ҳунарпешаи театри тоҷик.
Соли 1941 – Мавлуди Абдусаттор Нуралиев, адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология.
Абдусаттор Нуралиев яке аз чеҳраҳои барҷастаи журналистикаи тоҷик буд, ки ба даҳҳо насли рӯзноманигорон ҳаққи устодӣ дорад. Ӯ зодаи вилояти Самарқанди Узбекистон буда, дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистон таҳсил намудааст.
Нуралиев охири солҳои 1960 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омад ва ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт. Ӯ соли 1993 декани факултаи журналистикаи ин донишгоҳ таъин гардида, то соли 1996 ин мансабро бар дӯш дошт.
Номбурда аз соли 2003 то поёни умр дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дошт. Аз ӯ осори зиёде боқӣ мондааст, аз ҷумла китобҳои “Адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ”, “Абай ва адабиёти тоҷик”, “Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ”, “Асосҳои ҳуқуқии журналистика” ва “Жанрҳои ахбории матбуот”.
Абдусаттор Нуралиев шаби 20-уми марти соли 2020 дар синни 78 аз олам чашм баст.
Соли 1986 – Зодрӯзи Рустам Азизӣ, коршиноси масоили динии тоҷик, собиқ муовини директори Маркази исломшиносӣ.
Рустам Азизӣ яке аз коршиносони ҷавону муваффақи тоҷик аст. Ӯ хатмкардаи шуъбаи арабӣ-англисии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, фаъолияти кориашро дар ин боргоҳи илм оғоз намудааст.
Ӯ соли 2012 ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кор омада, соли 2015 муовини директори Маркази исломшиносӣ таъйин шуд ва то 26-уми июни сол 2023 дар ин мансаб буд.
Номбурда, ҳамчунин яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, андешаҳои худро вобаста ба масоили доғ, ба вижа масъалаҳои динӣ иброз медорад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
22-юми август Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни зӯроварӣ бар асоси дин ва эътиқод таҷлил мешавад. Ин ҷашн соли 2019 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон шуда, ба ёдбуди ҳамаи онҳое аст, ки дар тӯли таърих ба сабаби ақида ва эътиқоди худ ба таъқиб, шиканҷа ва қатл дучор гардидаанд, таҷлил мешавад.
Таърих шоҳиди ҳодисаҳои зиёди зӯроварии динӣ мебошад. Аз ҷумла, шиканҷа ва куштори ваҳшиёнаи пайравони дину мазҳабҳои гуногун, муносибати шадиди ритсерҳои масеҳӣ бо мусалмонон дар ҷангҳои салибӣ, низоъҳои тӯлонӣ байни католикон ва протестантҳо дар Аврупо ва ғайра.
Мутаассифона, чунин ҳолатҳо имрӯз низ дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон идома доранд. Ба ҳамин хотир, СММ кишварҳоро даъват мекунад, ки дар ин рӯз хотираи қурбониёни зӯроварии динӣ ва мазҳабиро пос дошта, барои таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми эътиқоди якдигар талош кунанд.
22-юми августи соли 1864 дар шаҳри Женева Конвенсияи якуми Женева қабул гардид. Ин аввалин шартномаи байналмилалии ҳуқуқӣ буд, ки ҳадафаш ҳимояи захмиён ва беморон ҳангоми ҷанг мебошад.
Таъсиси чунин санад ба ташаббуси Анри Дюнан, шаҳрванди Швейтсария рабт дорад. Ӯ соли 1859 дар ҷанги Солферино шоҳиди ранҷу азоби ҳазорҳо захмиён гардид ва пешниҳод кард, ки қоидаҳои башардӯстона барои ҳимояи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ таҳия карда шаванд.
Моҳи феврали соли 1863 бо ташаббуси ӯ Ҷамъияти Салиби Сурх таъсис ёфт, ки минбаъд ба ташкилкунандаи ёрии ихтиёрӣ дар майдонҳои ҷанг табдил ёфт.
Моҳияти асосии Конвенсияи Женева кӯмак расонидан ба ҳар як захмӣ, новобаста аз он ки ба кадом ҷониб тааллуқ дорад, бетараф эътироф гардидани захмиён, беморон ва кормандони тиб, аз ҳамла эмин нигоҳ дошта шудани беморхонаҳо, таҷҳизоти тиббӣ ва ҳатто аҳолии маҳаллӣ, ки ба захмиён кӯмак мерасонанд мебошад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 31+33º гарм.


