Истеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон 12% зиёд шудааст

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки 12% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми умумии истеҳсол дар обанборҳои вилояти Хатлон сурат гирифтаст, ки аксарияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҳамин минтақа амал мекунанд. Давоми моҳҳои январ-июли соли […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки 12% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми умумии истеҳсол дар обанборҳои вилояти Хатлон сурат гирифтаст, ки аксарияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҳамин минтақа амал мекунанд.

Давоми моҳҳои январ-июли соли 2025 маблағи умумии моҳии сайдшуда ба 61,2 млн сомонӣ расидааст, ки 19,6% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта аст.

Ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 2 ҳазору 021,4 тоннаро ташкил дода, аз нисф зиёди он ба вилояти Хатлон (ҳудуди 1,1 ҳазор тонна) рост омадааст. Дар вилояти Суғд 481 тонна ва Ваҳдат (НТМ) – ҳудуди 426 тонна моҳӣ сайд шудааст.

Байни навъҳои моҳӣ аз ҳама бештар намуди пешониғафси сафед (толстолобик) 690 тонна, гулмоҳӣ – 41 тонна, амури сафед – 236 тонна ва зағорамоҳӣ (сазан) сайд шудааст. Ҳаҷми сайди дигар навъҳои моҳӣ 447 тоннаро ташкил додааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсолро ба зиёд шудани хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав дар ин соҳа марбут медонанд. Имрӯз дар кишвар зиёда аз 300 хоҷагиҳои моҳипарварӣ амал мекунанд.

Сарфи назар аз нишондиҳандаҳои мусбат, соҳа ба як қатор мушкилот дучор аст. Маҳсулнокии ҳавзҳои моҳипарварӣ давоми се даҳсола қариб ду баробар кам шуд: аз 30-35 сентнер аз 1 гектар дар соли 1990 то 15-16 сентнер айни замон. Сабабҳои асосӣ – норасии комбикорм, фарсудашавии низомҳои обтаъминкунӣ ва техника, инчунин таназзули қисмате аз обанборҳо унвон мешаванд. Коршиносон зикр мекунанд, ки баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва беҳбуди иншооти зерсохтор имкон медиҳад, ки маҳсулнокӣ 20-30% зиёд карда шуда, хароҷоти иловагӣ кам шавад.

Дар Тоҷикистон афзоиши устувори истеҳсоли моҳӣ пешгӯӣ мешавад: соли 2026 – 6,6 ҳазор тонна (8% зиёдтар нисбат ба як сол пеш, яъне соли 2025); соли 2027 – 7,2 ҳазор тонна (9%) ва соли 2028 – 7,8 ҳазор тонна (9,2%).

Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ аз 1300 кӯлҳои табиӣ, 8 обанбор ва ҳавзҳои 385 хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 76 ҳазор гектар истифода мешавад, ки 73,3 ҳазор гектари онро обанбор ва 2,6 ҳазор гектарашро ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио