“Омӯзиши тарзи дурусти муносибат бо занон”. Вакилони парлумони Русия боз як пешниҳоди баҳсбарангез ироа карданд

Date:

Вакилони ҳизби “Одамони нав” (Новые люди) Владислав Даванков, Ярослав Самилин ва Ксения Горячева бо ирсоли нома аз Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия хостаанд, дар имтиҳони муҳоҷирон бахши “меъёрҳои муошират бо занон дар Русия” илова карда шавад.

Дар ин бора хабаргузории ТААС хабар дода, навиштааст, дар соли 2024 тибқи омори ВКД-и Русия, 190 ҳазор қарор дар бораи ихроҷ ва реадмиссия (розигии давлат ба дубора қабул кардани шаҳрвандони худ) қабул шудааст, ки ин  нисбат ба соли 2023 93,8 ҳазор бештар аст. Гуфта мешавад, ки аксари қарорҳо дар заминаи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибати таҳқиромез нисбат ба занон ва озори ҷинсӣ, қабул шудааст.

Вакилон бар он ақидаанд, ки бояд ба қарори ҳукумати Русия аз соли 2021 (№840) тағйирот ворид карда шавад. Ин қарор санҷиши сатҳи дониши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки барои гирифтани иҷозати кор ё патент муроҷиат мекунанд, талаб менамояд.

“Шаҳрвандони хориҷӣ бояд донанд, ки ҳар гуна шакли озор ё рафтори таҳмилӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ мешавад”, — гуфта шудааст дар нома.

Ба гуфтаи муаллифони нома, татбиқи ин иқдом имкон медиҳад, ки мизони низоъҳо кам шуда, сатҳи амният ва ҳифзи занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боло равад. Ҳамчунин боварии ҷомеа ба сиёсати муҳоҷирати давлат мустаҳкам мегардад.

“Илова намудани меъёрҳои рафтори фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ба имтиҳон шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ бо ҷомеаи Русия мутобиқ шаванд, инчунин ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба анъанаҳо ва қонунҳои ин кишвар мусоидат хоҳад кард”, – таъкид кардаанд онҳо.

Бояд гуфт, ин ҳоло танҳо пешниҳоди вакилони парлумони Русия аст ва қабул нашудааст. Аммо дар гузашта Русия пешниҳодҳои зиёди аҷибулғариби вакилон пешниҳодкардаро қабул кардааст ва эҳтимол аст, ин пешниҳод низ мавриди баррасӣ қарор гирад ва пазируфта шавад.

Бояд зикр кард, ки дар русия сиёсатмадорон, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва вакилони парлумон бо ҳадафи касби нуфуз пайваста аз пешниҳоди ғояҳои миллатгароёна истифода мекунанд ва сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷиронро ҳамеша муболиғаомез зикр мекунанд, ки дар аксар ҳолат баҳсбарангез аст. Аммо дар воқеъ, таносуби ҷинояти аз сӯйи муҳоҷирот содиршуда ва миёни шаҳрвандони ин кишвар содиршуда, зиёд тафовут намекунад ва ҳиссаи қонунвайронкунии муҳоҷирот назарногир аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...