“Латукӯб карда, ба даҳони кӯдак нос андохтааст”. Боздошти як сокини Ҷалолиддини Балхӣ бо гумони куштори писарандараш

Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе як сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхро бо гумони куштори фарзанди ҳамсараш (писарандар, писари угай) боздошт карда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз ин мард Бахтиёри Намоз ном бурда гуфтааст, ки ӯ рӯзи 22-юми август дар кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, Назаров Собирҷон, кӯдаки 6-солаи ҳамсарашро “лату кӯб карда, ба таври маҷбурӣ ба даҳони кӯдак нос андохтааст”.

Дар натиҷа, нос ба роҳи нафаси кӯдак ворид шуда, боиси марги ӯ шудааст. Кӯдаки хурдсол дар роҳи беморхона фавтидааст.

“Аз кор омадам, фарзандам бозӣ дошт, ӯро як шапотӣ задам, баъд кашонда пеши қуттиҳо овардам. Дар онҷо даҳонашро кушода нос партофтам, баъди ду дақиқа ӯ афтод. Ӯро гирифта бо мошин то беморхона бурдам, ки дар роҳ ҷонаш баромад”,-нақл мекунад мард дар навори гузоштаи Пулиси Душанбе.

Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки Бахтиёри Намоз дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо иттиҳоми “аз беэҳтиётӣ ба марг расондан” (моддаи 108-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин модда то 2 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.

Назари модари кӯдак дар робита ба ин қазия маълум нест. Ҳамчунин сабаби ба чунин кирдор даст задани Бахтиёри Намоз ҳам гуфта нашудааст.

Дар Тоҷикистон куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Яке аз чунин ҳодисаҳо қазияи марги Хусрав Одинаев, навраси 15-солаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, мебошад. Қазияи марги фарзанд аз дасти падар дар ҷомеа маҳкум гардид ва теъдоде аз мақомоти кишвар талаб карданд, ки ба Парвиз Одинаев ҷозои сазовор дода шавад.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ин мард боздошт ва нисбаташ бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда боз шудааст. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...