Эълони баргузории тендер

Дафтари “KOICA” дар Тоҷикистон бо хушнудӣ эълон барои таъмини таҷҳизот (экскаваторҳо, мошинҳои боркаш (дамптрак), борбардори чархдор ва мошин бо ядак (прицеп) тендер эълон мекунад. Мо бо хушнудӣ ҳамаи ширкатҳои манфиатдорро барои пешниҳоди лоиҳаи тиҷоратӣ барои таъмини таҷҳизот дар доираи “Лоиҳаи беҳтарсозии иншооти обёрӣ ва тақвияти иқтидори идоракунии обёрӣ дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон” даъват менамояд. “KOICA” […]

Таблиғ

Дафтари “KOICA” дар Тоҷикистон бо хушнудӣ эълон барои таъмини таҷҳизот (экскаваторҳо, мошинҳои боркаш (дамптрак), борбардори чархдор ва мошин бо ядак (прицеп) тендер эълон мекунад.

Мо бо хушнудӣ ҳамаи ширкатҳои манфиатдорро барои пешниҳоди лоиҳаи тиҷоратӣ барои таъмини таҷҳизот дар доираи “Лоиҳаи беҳтарсозии иншооти обёрӣ ва тақвияти иқтидори идоракунии обёрӣ дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон” даъват менамояд.

“KOICA” ширкатҳои соҳибихтисос ва расман ба қайдгирифтаро, ки имконияти таъмини таҷҳизоти зарурӣ ва пешниҳоди хидматрасонии баъди таҳвил (аз ҷумла нигоҳдорӣ, тафтишот ва таъмир) тавассути намояндаи ваколатдори маҳаллӣ ё провайдери хизматрасонӣ доранд, даъват мекунад.

Таваҷҷӯҳ! Барои гирифтани маълумоти пурра ва расмӣ, ҳамаи довталабон бояд ҳуҷҷати аслии тендерӣ (варақаи маълумоти тендер — Bid Data Sheet)-ро дар сомонаҳои зерин мутолиа кунанд:  

ttps://tajikistan.un.org/

https://www.linkedin.com/company/koicatjk

 

Маълумоти муҳими тендер:

– Рақами даъватнома: TJ-2025-001

– Унвони тендер: Таъмини таҷҳизот барои “Лоиҳаи беҳтарсозии иншооти обёрӣ ва таҳкими иқтидори идоракунии обёрӣ дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Харидор: Дафтари “KOICA” дар Тоҷикистон

Кафолати тендерӣ: Ҳамаи пешниҳодҳо бояд бо кафолати тендерӣ на камтар аз се фоизи (3%) арзиши умумии пешниҳоди тиҷоратӣ ҳамроҳ карда шаванд.

 

Пешниҳоди дархости тендерӣ

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозим бояд дар конверти мӯҳршуда, ки рақами даъватномаи тендер дар он нишон дода шудааст, тавассути почта ё шахсан ба ҷойи муайяншуда пешниҳод карда шаванд.

– Ҷойи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо (суроға): дафтари «KOICA” дар Тоҷикистон (ошёнаи 4-ум, кӯчаи Айнии 48, Маркази тиҷоратии "Созидание", шаҳри Душанбе, Тоҷикистон)

– Почтаи электронӣ барои ирсоли ҳуҷҷатҳо: [email protected]

– Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: то 10-уми октябри соли 2025, соати 12:00 (бо вақти Душанбе).

Барои маълумоти иловагӣ, лутфан тамос гиред:

– Оид ба тартиби баргузории тендер: [email protected]

– Оид ба худи лоиҳа: [email protected]

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.