Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ 2 СЕНТЯБР

– Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 СЕНТЯБР

Соли 1931 – Дар Хоруғ шумораи нахустини рӯзномаи вилоятии “Бадахшони Сурх” ба табъ расид.

Соли 1934 – Комбинати ордбарории Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ифтитоҳ шуд.

Соли 2013 – Нурридин Темиров, раиси маъдани зуғолсанги “Назарайлоқ” дар ноҳияи Рашт аз сӯи афроди номаълум кушта шуд. Ӯ 59-сола буд.

Соли 2020 – Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои идонаро ба ифтихори Рӯзи истиқлол манъ намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Мавлуди Хуршеда Отахонова, академики тоҷик, доктори илмҳои филология,

Соли 1940 – Мавлуди Ато Муҳаммадҷонов, ҳунарпешаи шинохтаи театр ва синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ато Муҳаммадҷонов

Ато Муҳаммадҷонов яке аз чеҳраҳои барҷастаи санъати театр ва синамои тоҷик аст, ки бо истеъдоди худододӣ, меҳнати пайваста ва муҳаббат ба саҳна номашро дар таърихи фарҳанги тоҷик бо хатти заррин сабт намуд.

Ӯ аз айёми мактабӣ ба ҳунари саҳнавӣ шавқ дошт ва узви фаъоли маҳфилҳои драмавӣ буд. Бидуни таҳсил дар мактабҳои касбии ҳунар, соли 1958 Муҳаммадҷоновро ба ҳайси ҳунарпеша ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ қабул карданд.

Ато Муҳаммадҷонов истеъдоди фитрӣ ва тахайюли ғании бадеӣ дошт. Ӯ нақшҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, лирикӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакиро бо маҳорат офарида, қаҳрамононро бо тамоми ҷаҳони ботинияшон зинда мекард. Аз нақшҳои барҷастаи саҳнавии ӯ метавон Адҳам ("Алломаи Адҳам ва дигарон"-и С. Улуғзода), Қаландар ("Дохунда"-и Ҷ. Икромӣ) ва даҳҳо симои дигарро ном бурд.

Саҳнаи аввалини синамоии ӯ нақши кӯчак дар намоишномаи "Тошбек ва Гулқурбон"-и М. Миршакар буд. Аз соли 1961 ба таври ҷиддӣ дар филмҳои бадеии "Тоҷикфилм" ҳунарнамоӣ кард ва дар беш аз 30 филм нақш офарид. Аз ҷумла, "Қисмати шоир", "Парчами Кова, "Марги судхур", "Духтари сеюм", "Ситора дар тирашаб", "Асрори оилаи Ғаюровҳо", "Субҳи аввали ҷавонӣ", "Ҷӯра — шикорчӣ аз Минархар",  "Падари маҳтобӣ" ва ғайра.

Ато Муҳаммадҷонов рӯзи 9-уми сентябри соли 2002 дар шаҳри Исфара дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт. Марги ӯ талафоти бузурге барои фарҳанги тоҷик буд.

Соли 1950 – Мавлуди Малика Қаландарова, раққоса, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Малика Қаландарова

Малика Қаландарова раққосаи нотакрор, чеҳраи дурахшони санъати тоҷик аст, ки бо ҳунари худ ном ва овози тоҷиконро ба ҷаҳон баровард.

Малика аз овони ҷавонӣ ба санъати рақс дил баст. Соли 1965 нахуст дар дастаи ҳаваскорони "Захираҳои меҳнатӣ" ҳунарнамоӣ кард. Баъдан ба ансамбли машҳури "Лола" роҳ ёфт ва зери роҳбарии устоди санъат Ғаффор Валаматзода маҳорати худро такмил дод. Бо ҳунари худ ӯ ба зудӣ ба яке аз раққосаҳои шуҳратёри тоҷик табдил ёфт.

Аз соли 1980 то 1991 ӯ дар ансамбли рақсу суруди Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кард.

Малика Қаландарова садҳо рақси тоҷикӣ ва ҷаҳониро бо услуби нотакрор иҷро кардааст. Дар миёни онҳо метавон аз рақсҳои тоҷикии "Духтари хандон", "Шодиёна", "Баёти панҷ", "Гули бахт", "Духтари кӯҳсор" ва "Мор" ёдовар шуд.

Малика Қаландарова бо ҳунари худ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрат ёфт. Ӯ дар Ҳинд, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Белгия, Юнон ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.

Аз соли 1993 Малика Қаландарова дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зиндагӣ мекунад. Дар он ҷо ӯ мактаби "Malika’s International Dance School"-ро таъсис дод, ки дар он ба духтарон ва ҷавонон рақсҳои тоҷикӣ ва шарқиро меомӯзонад. Бо ҳамин, Малика анъанаҳои миллиро дар муҳити ғарбӣ низ зинда нигоҳ медорад.

Соли 1952 – Зодрӯзи Шаҳрия Адҳамзод, шоири тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шаҳрия Адҳамзод

Хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (1978) буда, фаъолияти меҳнатиро дар нашриёти “Ма­ориф” (1979) оғоз кардааст.

Аз ҷавонӣ ба навиштани шеър иштиғол варзида, самараҳои қалам­аш дар китобҳои «Меҳри шеър» (1987), «Ша­ми­­­маи нур» (1992), «Ашки шақо­иқ» (1995), «Таманно» (1998), «Зан дар асорати танҳоӣ» (2002), «Бӯса­ҳои маҳ­тобӣ» (2007), «Дар канори шеър» (2010), «Ниё­иши Истиқлол» (2011), «Таронаи сабз» (2012) дарҷ гардидаанд.

Дар қолаби гуногуни шеъри тоҷикӣ хомафарсоӣ мекунад ва бештар дар ғазалсароӣ муваффақ аст. Барои ороиши ғазал ибораву ифода ва қофия­ву радифҳои муносибе ҷустуҷӯву пайдо карда, дар тасвиркорию андешагузорӣ маҳорат дорад.

Намунаҳои ашъораш дар маҷаллаҳои фарҳангии Эрону Афғонистон интишор ёфтаанд.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Соли 1953 – Зодрӯзи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва собиқ вазири дифои Афғонистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аҳмадшоҳи Масъуд

Аҳмадшоҳи Масъуд шахсияти барҷаста ва рамзи муқовимати миллии Афғонистон буд. Масъуд аз ибтидои солҳои 1970-ум бо муборизаи мусаллаҳона вориди саҳнаи сиёсат шуд. Соли 1975 дар нахустин шӯриши Панҷшер бар зидди ҳукумати Муҳаммад Довуд иштирок кард. Гарчанде он шӯриш бенатиҷа анҷом ёфт, аммо ӯ ҳамчун фармондеҳ ва чеҳраи ҷавони сиёсӣ шинохта шуд.

Бо оғози ҷанги Афғонистон (1979–1989) ва вуруди артиши Шӯравӣ, Масъуд ба яке аз фармондеҳони асосии муҷоҳидин табдил ёфт. Маҳорати низомӣ ва стратегияҳои ӯ сабаб гардиданд, ки водии Панҷшер ба қалъаи муҳкам табдил ёбад. Артиши Шӯравӣ нуҳ маротиба кӯшиши ишғоли Панҷшерро кард, аммо ҳар бор шикаст хӯрд. Барои ҳамин Масъуд бо лақаби "Шери Панҷшер" маъруф гардид.

Соли 1982 ӯ бо нерӯҳои Шӯравӣ созишномаи муваққатии сулҳ имзо намуд, ки нишондиҳандаи хирадмандии сиёсӣ ва дипломатии ӯ буд. Баъди хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989, Масъуд дар шимолу шарқи кишвар ҳукумати маҳаллиро таъсис дод.

Дар давраи 1992–1996 Аҳмадшоҳ Масъуд ҳамчун вазири дифоъи Афғонистон дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ фаъолият дошт. Ӯ яке аз сутунҳои асосии Эътилофи Шимолӣ бар зидди ҳаракати “Толибон”* (дар давраи авввли ишғоли Афғонистон аз сӯи гурӯҳи “Толибон”) ба ҳисоб мерафт.

Масъуд на танҳо фармондеҳи низомӣ, балки шахси бофарҳанг ва ормонгар буд. Ӯ орзуи ташкили давлати мустақили тоҷиконро дар шимоли Афғонистон дошт ва ҳамеша дар пайи пойдории истиқлол ва озодии кишвар буд.

Аҳмадшоҳи Масъуд рӯзи 9 сентябри соли 2001, ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои 11 сентябр ба ИМА, дар натиҷаи ҳамлаи террористии маргталабон, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ карда буданд, ба шаҳодат расид. Вай ҳамагӣ 48 сол дошт.

Баъди маргаш, соли 2002, ӯ ба унвони Қаҳрамони миллии Афғонистон сарфароз гардид.

Соли 1955 – Мавлуди Сафаралӣ Раҷабов, собиқ вазири маориф ва раиси пешини Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Соли 1956 – Мавлуди Абдурасул Раҳмонов, донишманди соҳаи астрофизика.

Соли 1961 – Зодрӯзи Суҳроб Қосимов, яке аз фармондеҳони Фронти халқии Тоҷикистон, собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Суҳроб Қосимов

Соли 1980 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Ленини Маскав дохил шуда, онро соли 1985 хатм кардааст. То оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бо дар мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгор кор кардааст ва дар яке аз мусоҳибаҳояш эътироф намуда буд, ки ӯ ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонист, ки замоне фармондеҳи низомӣ мешавад.

Сӯҳроб Қосимов аз ҷумлаи он фармондеҳоне аст, ки дар оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон дар авоили солҳои навад шинохта шуд ва дар рӯёрӯии нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон бо размандагони нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони пешин, нақши бориз дошт.

Пас аз озодкунии Душанбе аз нерӯҳои мухолифин ахири соли 1992, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсус дар назди шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб таъин шуд. Моҳи июни соли 1992 ин гурӯҳ ба полки 2-юми фаврии ВКД Тоҷикистон ва моҳи декабри соли 1996 ба бригадаи 1-уми зудамали ВКД Тоҷикистон табдил дода шуд.

Моҳи марти соли 2007 Суҳроб Қосимов аз мансаби фармондеҳи бригадаи алоҳидаи таъиноти махсуси ВКД истеъфо дод. Баъд аз тарки симати фармондеҳи бригадаи махсус ба мақоми раиси Федератсияи футбол нишаст. Аммо дар авоили соли 2012 ин курсӣ ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дода шуд.

Генерал-майор Суҳроб Қосимов 16-уми декабри соли 2014 дар пайи як бемории тӯлонӣ дар Душанбе даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

2-юми сентябри соли 1945 баъди таслими Япония, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба анҷом расид. Дар ин рӯз, дар киштии ҷангии амрикоии “Миссури”, ки дар халиҷи Токио қарор дошт, Санади таслимшавии бечунучарои Япония имзо шуд. Маросим соати 9:02 бо вақти Токио баргузор гардид ва ба таври расмӣ ба яке аз фоҷиавитарин саҳифаҳои таърихи инсоният – Ҷанги дуюми ҷаҳон нуқтаи поён гузошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таслимшавии Япония маънои онро дошт, ки ҷанг дар Уқёнуси Ором ва ҳамчунин ҷанги шӯравӣ-япон, ки дар моҳи август оғоз гардида буд, ба анҷом расид. Ҳамин тавр, ҷаҳон пас аз шаш соли ҷанг ва беш аз 60 миллион қурбонӣ ниҳоят ба сулҳ расид. Ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи хотимавии Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърих таҷлил мешавад.

2-юми сентябри соли 1843 шумораи аввалини маҷаллаи маъруфи бритониёӣ, “The Economist” ба нашр расид. Асосгузор ва муҳаррири аввалини он Ҷеймс Уилсон, иқтисоддони худомӯз ва сиёсатмадор буд. Ӯ пас аз буҳрони молиявии соли 1837 ба хулоса омад, ки сабаби асосии мушкилоти иқтисодӣ дахолати ҳукумат ва калисо ба фаъолияти бозор мебошад.

Ҳамин андеша ӯро водор сохт, ки нашрияеро бо номи пурраи “The Economist”, “The Political”, “Commercial”, “Agricultural and Free Trade Journal” таъсис диҳад. Аз аввалин рӯз ин ҳафтанома худро ҳамчун минбари ҷонибдорони озодии тиҷорат нишон дод. Имрӯз “The Economist” яке аз нуфузноктарин нашрияҳои ҷаҳон аст, ки зиёда аз 1,2 миллион нусха тираж дошта, мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро бо таҳлили амиқ инъикос мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

2-юми сентябри соли 2009 Рӯзи ҷаҳонии кокос таъсис дода шуд ва то имрӯз дар кишварҳои гуногуни тропикӣ таҷлил мешавад. Ватани дарахти кокос Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шуморида мешавад. Аввалин кишти он дар Малайзия оғоз гардида, баъдан ба Таиланд, Индонезия ва дигар кишварҳои тропикӣ паҳн шуд.

Кокос дар таърихи инсоният на танҳо як мева, балки манбаи муҳими ғизо, нӯшокӣ ва маводи сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Дар манбаъҳои қадимаи Ҳиндустон низ аз он ёд шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сайёҳи машҳури асри XIII Марко Поло ҳангоми сафар ба Осиё бо кокос ошно шуда, онро “coco” номид. Сабабаш он буд, ки се сӯрохи дар қисми поёнии кокос ба чеҳраи маймун монандӣ дошт. Калимаи “coco” дар забони португалӣ маънои “маймунча”-ро дорад. Ҳатто имрӯз ҳам дар баъзе кишварҳои тропикӣ маймунҳоро барои гирифтани кокос аз дарахт омӯзиш медиҳанд, зеро баландиаш метавонад то 30 метр бирасад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...