Ҳосили хуби картошка, ҷуворимакка, гандум, помидор… Яғноб – озмоишгоҳе зери осмони кушод

Дар водии Яғноби ноҳияи Айнӣ дар баландии зиёда аз 2300 метр аз сатҳи баҳр, олимон бори аввал даҳҳо зироатро озмоиш карданд. Ҳамаи растаниҳо муваффақона мутобиқ гардида, аз ҷумла ҳосилнокии навъҳои нави картошка то 400 сентнер (10 сентнер 1 тонна) аз як гектарро ташкил дод.   Иқлим ба ҷустуҷӯи роҳҳалҳои нав водор месозад Тағйирёбии иқлим олимонро ҳарчи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар водии Яғноби ноҳияи Айнӣ дар баландии зиёда аз 2300 метр аз сатҳи баҳр, олимон бори аввал даҳҳо зироатро озмоиш карданд. Ҳамаи растаниҳо муваффақона мутобиқ гардида, аз ҷумла ҳосилнокии навъҳои нави картошка то 400 сентнер (10 сентнер 1 тонна) аз як гектарро ташкил дод.

 

Иқлим ба ҷустуҷӯи роҳҳалҳои нав водор месозад

Тағйирёбии иқлим олимонро ҳарчи бештар ба ҷустуҷӯи тарзҳои нави мутобиқсозии соҳаи кишоварзӣ ба шароити номусоид маҷбур месозад. Яке аз самтҳои умедбахш омӯзиши минтақаҳои кӯҳистони кишвар гардид, ки дар он ҷо омезиши иқлими салқин, ҳавои тоза ва замини ҳосилхез барои баргузории таҷрибаву озмоишҳо дар бахши кишоварзӣ имкониятҳои нодир фароҳам меорад.

Маҳз бо ҳамин сабаб кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, водии Яғнобро интихоб намуданд. Ин водӣ минтақаест, ки дар баландии зиёда аз 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин ҷо дар деҳаи Хишортоб баҳори имсол майдонҳои таҷрибавӣ ташкил карда шуданд, ки дар онҳо муҳаққиқон нашъунамои зироатҳои маъмулии водиҳоро дар шароити баландкӯҳ мавриди санҷишу таҳқиқ қарор доданд.

 

Дар қитъаи озмоишӣ чиҳо кишт карданд?

Нимаи дуюми моҳи май, олимон олимон тухмии картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, гандум, нахӯд, мош, каду, чойҷуворӣ, помидор ва бодирингро ба ин ҷо оварда, дар замини деҳқони маҳаллӣ Некмаҳмад Сафаров кишт карданд.

“Мо хостем бисанҷем, ки зироатҳои маъмулӣ дар заминҳои ҳамвор (водиҳо) чӣ гуна дар шароити баландкӯҳ нашъунамо мекунанд. Барои мо муҳим аст муайян кунем, ки дар шароити тағйирёбии иқлим кадом навъҳо барои киштукор дар оянда беҳтарин аст”, – мегӯяд доктори улуми кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев.

Олимон аз нуриҳои органикӣ ва минералӣ истифода бурда, қоидаҳои технологияи кишоварзиро қатъиян риоя карданд. Нармкунии миёни қаторҳо, обёрӣ, тозакунӣ аз алафҳои бегона, сабти тағйироти морфологии растаниҳо ва рушди онҳо.

 

Кишти картошка ҳосили хуб дод

То моҳи август майдони таҷрибавӣ ба "қолини сабз" табдил ёфт. Ҳамаи зироатҳо мутобиқ шуда, натиҷаҳои хуб доданд. Махсусан, озмоиши зиёда аз 20 навъи картошка, ки аз Тоҷикистон, Русия ва Ҳоландд оварда шуда буданд, ҳосили бештар доданд.

"Ҳосилнокии навъҳои нави тоҷикӣ – “Тоҷикистон”, “Файзи Истиқлол”, “Академияи Миллӣ-1”, “Мастчоҳ”, “Файзобод”, “Рашт” ва “Нилуфар” дар сатҳи 300–400 сентнер аз як гектар қарор гирифт. Ин нишондоди ҷиддӣ аст, ки аз дурнамои хуби онҳо гувоҳӣ медиҳад", – гуфт Мавлон Қурбонов, номзади илмҳои кишоварзӣ.

Ҳосилнокии навъҳои русиягии "Садон", "Ариэл" ва "Фаско" 280-390 сентнер аз 1 гектарро ташкил дода, 10-12 рӯз пештар аз дигар зироатҳо пухта расиданд. "Пикассо" ва "Алладин" низ ҳосилнокии хуб – то 370 сентнер аз 1 гектарро нишон доданд.

 

Кашфиётҳои генетикӣ дар қалби кӯҳистон

Ғайр аз ҳосилнокӣ, муҳаққиқон боз як падидаи муҳимро мушоҳида карданд, яъне гулкунии фаровони навъҳои картошка ва тайёр кардани тухмӣ аз онҳо. Дар шароити иқлими салқини Яғноб ин раванд хеле фаъолона зоҳир гардид.

"Ин хосияти ниҳоят муҳими генетикӣ аст, ки барои кори селексионӣ имкониятҳои фарох боз мекунад. Ҳавои тозаи кӯҳӣ, оби чашмасор, хоки ҳосилхез ва набудани зараррасонҳо Яғнобро ба як озмоишгоҳ (лаборатория)-и нодири табиӣ табдил медиҳанд", – таъкид мекунад Қурбоналӣ Партоев.

 

Кишоварзон бояд аз имкониятҳои кӯҳистон истифода баранд

Натиҷаҳои ҳосилшуда ба муҳаққиқон ҷиҳати идомаи таҷриба рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Солҳои наздик онҳо ният доранд майдонҳои киштро васеъ намуда, зироат ва навъҳои навро озмоянд. Олимон бовар доранд, ки водии Яғноб метавонад на танҳо як макони ҷолиби сайёҳиии кишвар шавад, балки ба як майдони илмии таҳқиқотӣ табдил ёбад, ки дар он тарзу усул ва роҳу воситаҳои мутобиқсозии бахши кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия мешаванд.

"Аз ҳамаи зироатҳои кишткардаи мо натиҷаҳои мусбат ҳосил шуд. Ин маънои онро дорад, ки мо таҳқиқотро васеътар намуда, навъҳои навро месанҷем. Яғноб барои табдил ёфтан ба "озмоишгоҳи табиӣ"-и Тоҷикистон имконоти воқеӣ дорад", – хулоса кард Мавлон Қурбонов.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.