Тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025” Афғонистонро шикаст дод

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври дуюми мусобиқаи Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025” тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Набарди дастаҳо шоми дирӯз, 1-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд.

Ҳисоби рақобатро дар дақиқаи 24-ум футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе бо истифода аз зарбаи 11-метар ё “пеналтӣ”  боз кард. Баъдан дар дақиқаи 92-юм Шервони Мабатшоев аз паси Эҳсон истифода бурда, голи дуюми дастаи моро ба самар расонд.

Дар рақобати дигари гурӯҳи “В” Эрон бо ҳисоби 3:0 Ҳиндро мағлуб кард.

Тоҷикистон пас аз ин пирӯзӣ муқобили Афғонистон се имтиёз ба даст оварда, дар ҷои сеюми гурӯҳи “В” қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ Эрон бо ду ғалаба ва 6 хол садрнишин аст.

Дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ Тоҷикистон муқобили Эрон ва Афғонистон бо Ҳиндустон мубориза мебаранд. Ин бозиҳо рӯзи 4-уми сентябр дар Ҳисор сурат хоҳанд гирифт.

Ёдрас мешавем, ки дар бозии авлаи Ҷоми миллатҳои "CAFA-2025" Тоҷикистон аз Ҳиндустон, ки дар радабандии Федератсияи байналмилалии футбол 27 зина аз дастаи мо поёнтар қарор дорад, бо натиҷаи 0 бар 2 ноком шуд.

Баъди ин нокомӣ, мухлисони футболи меҳан дар шабакаҳои иҷтимоӣ сармураббиро дар интихоби нодурусти ҳайати даста, аз ҷумла, ҳамлагарон гунаҳкор карданд.

Ҳоло атрофи тими мунтахаби кишвар баҳсҳои зиёд вуҷуд дорад. Бархе аз мухлисон тақозо доранд, ки мураббӣ иваз шавад, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки ин мушкили печидаи футболи тоҷикро ҳал намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?

Шарҳи ҳафт масъалаи муҳиму рӯзмарра дар бораи гирифтани ҷубронпулӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...