Тоҷикистон Ҷоми миллатҳои “CAFA 2025”-ро бо шикаст оғоз кард

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои "CAFA-2025" аз Ҳиндустон шикаст хӯрд. Ин рақобат шоми дирӯз, 29-уми август, дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор доир шуда, бо натиҷаи 1:2 ба нафъи меҳмонон поён ёфт.  Ҳиндустон дар радабандии Федератсияи байналмилалии футбол 27 зина (Ҳинд дар ҷои 133-юм аст) аз Тоҷикистон (ҷои 106-ум) поёнтар […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои "CAFA-2025" аз Ҳиндустон шикаст хӯрд.

Ин рақобат шоми дирӯз, 29-уми август, дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор доир шуда, бо натиҷаи 1:2 ба нафъи меҳмонон поён ёфт.  Ҳиндустон дар радабандии Федератсияи байналмилалии футбол 27 зина (Ҳинд дар ҷои 133-юм аст) аз Тоҷикистон (ҷои 106-ум) поёнтар қарор дорад.

Дар дақиқаи 5-уми бозӣ Анвар Алӣ, футболбози дастаи Ҳиндустон ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 13-ум ҳимоятгар Сандеш Ҷинган пас аз зарбаи муқарраршуда бартарии меҳмононро дучанд кард.

Тоҷикистон тавонист як гол ба ҳадаф расонад. Шаҳром Самиев дар дақиқаи 23-юми бозӣ ягона голи дастаи мунтахаби моро дар ин бозӣ ба ҳадаф расонид. 

Сарфи назар аз 17 зарба ба сӯи дарвоза ва 7 зарбаи дақик, тими мунтахаб муваффақ нашуданд, ки ғалаба ба даст оранд. Лаҳзаи калидӣ дар дақиқаи 68-ум рух дод, ки Рустам Соиров ҷаримаи 11-метра ё пеналтиро ба ҳадаф расонида натавонист.

Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сармураббиро дар интихоби нодурусти ҳамлагар гунаҳкор карда, гуфтанд, ки ҳарчанд асоси шумораи зарбаҳо тими Тоҷикистон пурқувваттар ба назар мерасид, аммо иштибоҳҳо дар дифоъ ба Ҳиндустон имкон дод, ки се имтиёз ба даст орад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В”-и мусобиқа, ки дастаи мо ҳам шомили он аст, Эрон бо ҳисоби 3 бар 1 Афғонистонро ноком кард. Ду голро ба дарвозаи дастаи муқобил Маҷид Ҳусейнӣ ва як голи дигар Амирҳусейн Ҳусейнзода ба самар расонданд.

Пас аз даври аввал Эрон ва Ҳиндустон бо доштани 3 имтиёз зинаҳои якум ва дуюми гурӯҳро касб карданд. Тоҷикистону Афғонистон бошанд, бидуни хол дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум мавқеъ гирифтанд.

Тоҷикистон дар бозии дуюми худ рӯзи 1-уми сентябр дар варзишгоҳи Ҳисор бо Афғонистон ва Ҳиндустон бо Эрон бозӣ мекунанд.

Пас аз шикасти тими миллии Тоҷикистон, Гела Шекиладзе, сармураббии тими миллии кишвар гуфт, ки ба истеъфо рафтанӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, қарордод бо Федератсияи футболи Тоҷикистон то анҷоми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 эътибор дорад ва ин ҳадаф дар авлавият боқӣ мемонад.

“Бале, натиҷа ғайриқаноатбахш аст, аммо мо нақша ва ҳадафҳои дарозмуддат дорем. Муҳим он аст, ки дастаро ба сабқати интихобии Ҷоми Осиё омода кунем, на аз рӯи эҳсос тасмим бигирем”,- гуфт ӯ.

Ҳоло атрофи тими мунтахаби кишвар баҳсҳои зиёд вуҷуд дорад. Бархе аз мухлисон тақозо доранд, ки мураббӣ иваз шавад, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки ин мушкили печидаи футболи тоҷикро ҳал намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.