Аз Душанбе ба Сиани Чин низ парвозҳои мустақим барқарор шуд

Шуруъ аз 16-уми сентябр парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбеи Тоҷикистон ва Сиани Чин ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии кишвар иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои ширкати чинии “Zhejiang Loong Airlines” ҳафтае ду маротиба анҷом хоҳанд шуд. Манбаъ нагуфтааст, ки парвозҳо дар кадом рӯзҳои ҳафта сурат гирифта, […]

Asia-Plus

Шуруъ аз 16-уми сентябр парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбеи Тоҷикистон ва Сиани Чин ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии кишвар иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои ширкати чинии “Zhejiang Loong Airlines” ҳафтае ду маротиба анҷом хоҳанд шуд.

Манбаъ нагуфтааст, ки парвозҳо дар кадом рӯзҳои ҳафта сурат гирифта, нархи чиптаи он чӣ қадар хоҳад буд.

Гуфта шудааст, ки парвозҳо дар ин самт ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафту омади бемонеаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар роҳандозӣ карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки ҳоло аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Пекину Урумчӣ ва аз Хуҷанд ба Қошғар парвозҳои мустақим анҷом мешаванд.

Тариқи хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Пекин ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвози ҳавопаймоӣ анҷом меёбад. Нахустин парвози мустақим баъди нуҳ соли таъхир дар ин масир, рӯзи 16-уми июн сурат гирифт. Вақти парвоз ҳудуди 7 соат ба як самт ва 6 соат ба самти бозгаштро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ сурат мегирифтанд ва соли 2024 байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ боз шуд.

Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар ҳафтае як маротиба-рӯзи сешанбе сурат мегирад. Парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқа давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио