Баъди Душанбе ва Пекин байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар ҳам парвози ҳавопаймо барқарор шуд

Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Қошғари Ҷумҳурии мардумии Чин дигарбора барқарор шудааст.  Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, дар ин масир имрӯз, 1-уми июл аввалин парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-и Чин анҷом ёфт. Ба гуфтаи манбаъ, парвоз дар дар масири Хуҷанд-Қошғар-Хуҷанд ҳафтае як маротиба-рӯзи сешанбе сурат мегирад. Парвоз аз […]

Asia-Plus

Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Қошғари Ҷумҳурии мардумии Чин дигарбора барқарор шудааст. 

Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, дар ин масир имрӯз, 1-уми июл аввалин парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-и Чин анҷом ёфт.

Ба гуфтаи манбаъ, парвоз дар дар масири Хуҷанд-Қошғар-Хуҷанд ҳафтае як маротиба-рӯзи сешанбе сурат мегирад. Парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқа давом мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикитон моҳи марти имсол гуфта буд, ки парвозҳо дар ин масир аз 15-уми апрели соли ҷорӣ тавассути ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines” ба роҳ монда мешаванд. Вале маълум нест, ки чаро парвозҳо беш аз ду моҳ ба таъхир афтодаанд.

Хатсайри ҳавоӣ дар масири Қошғар-Хуҷанд-Қошғар соли 2024 боз шуда буд. Вале баъдан парвоз боздошта шуд. Сабабаш маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми июн баъди чанд соли таваққуф, аввалин парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Пекин сурат гирифт. Хатсайри нав аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines"-и Чин роҳандозӣ шуд.

Мувофиқи ҷадвал, парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе иҷро карда мешаванд.

Аз Пекин ҳавопаймо соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз карда соати 21:00 ба Душанбе фуруд меояд. Бозпас аз Душанбе ҳавопаймо соати 22:30 дақиқа парвоз карда, соати 7:20 дақиқаи рӯзи дигар ба Пекин мерасад.

Вақти парвоз ҳудуди 7 соат ба як самт ва 6 соат ба самти бозгаштро ташкил медиҳад.

Аз оғози соли 2020 бинобар сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин мутаваққиф шуд.

Муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ сурат мегирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.