Ҳазориспанд, тӯрҳои моҳидорӣ ва шоколад. Воридоти кадом молу маҳсулот ва ашё ба кишварҳои гуногун манъ аст?

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Чанде пеш ду зани тоҷик барои бурдани растании ҳазориспанд ба Русия боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, додгоҳи Русия яке аз ин занҳоро ба муҳлати 8 сол ба зиндон маҳкум кардааст. Занҳо ин гиёҳро “бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ ба Русия бурдаанд”. Ҳазориспанд як сол пеш дар Русия ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи нашъаовар дохил шуд.

Ворид кардани кадом молу маҳсулот ба кишварҳои дигар барои шаҳрвандони Тоҷикистон манъ аст ва барои гирифтани маслиҳат пеш аз сафар бо кадом рақамҳо тамос гирифтан мумкин аст? Кӯшиш кардем, ба ин саволҳо посух дарёбем.

 

Русия

Дар ин кишвар барои ворид намудани ҳазориспанд ҷавбогарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Ба ғайр аз ин, чанде пеш, ВКД Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷират дар Русия дар бораи ворид намудани 10 растании манъшуда ба Русия огоҳ карданд.

Ба ҷуз ҳазориспанд, ворид намудани чунин растаниҳо ба ин кишвар манъ аст:

– нилуфар (лотос-и кабуд);

– ошиқпечон (ипомея)-и серанга;

– бангдонаи киштшаванда (Cannabis sativa);

– мармарак (шалфей);

– дивинорум (Salvia divinorum);

– кӯкнори хобовар (Papaver somniferum);

– гули садбарги гавайӣ (Argyreia nervosa);

– турбинаи сипардор (Turbina corymbosa);

– эфедра (Ephedra);

– ҷаъфари мӯйдор.

Ҳамчунин, воридоти  гӯшти хому моҳӣ, камераҳо назоратии хурд, таҷҳизоти гӯшандозии овоз, тӯрҳои моҳидорӣ, парандаву ҳайвоноти нодир низ манъ аст.

Бо дигар намудҳои борҳое, ки барои воридоти онҳо иҷозатнома лозим аст, метавонед дар ин мавод шинос шавед. Барои баъзе намудҳои бор миқдори муайяни иҷозатдодашуда вуҷуд дорад. Маълумоти бештарро метавонед бо ин суроға пайдо кунед.

Дар хотир дошта бошед, ки дар сурати риоя накардани талабот шуморо метавонанд на танҳо ҷарима кунанд, балки дар баъзе ҳолатҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ низ кашанд. Илова бар ин, беҳтар аст қоидаҳои ширкати ҳавопаймоие, ки аз хидматаш истифода мебаред, низ алоҳида санҷида шаванд.

 

Қазоқистон

Ворид намудани ҳамаи бор ва молу маҳсулоте, ки дар саросари дунё манъ шудааст, ба Қазоқистон низ дахл дорад. Бо рӯйхати пурраи ашёҳое, ки метавон ва намешавад тавассути ҳавопаймо ба ин кишвар интиқол дод, метавонед дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Air Astana, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз хидматаш истифода мебаранд, шинос шавед. Дар ҳамон ҷо дастурамал оид ба бандубасти бор низ дастрас аст.

Ғайр аз ин, ба рӯйхати "бори хатарнок", масалан, гироскутерҳо, якчархҳо, гироскутерҳои бо тавозуни чархҳо ва ҳамаи дастгоҳҳои монанде, ки бо батареяҳои литий кор мекунанд, шомил мешаванд. Яъне, интиқоли онҳо бо худ манъ аст.

Бо худ гирифтани қазӣ (ҳасиби қазоқӣ) ва гӯшт дар бағоч мумкин аст. Мувофиқи қоидаҳои ширкати "Air Astana", ба интиқоли сигорҳои электронӣ танҳо дар борхалтаи дастӣ иҷоза дода шуда, онҳо бояд низоми муҳофизати инфиродӣ дошта бошанд.

 

Ӯзбекистон

Мувофиқи қоидаҳои гумруки ин кишвар, ворид намудани маводи нашъаовар, маводи таблиғкунандаи терроризму зӯроварӣ, афкори миллатгароӣ, маводи порнографӣ ва тарканда манъ аст.

Ҳамчунин бо худ гирифтани паҳподҳо ё худ ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) низ манъ аст. Муфассалтар дар сомонаи пойгоҳи ҳукумати ин кишвар мутолиа кунед.

 

Дар дигар кишварҳо чӣ?

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ки миёни зодагони Тоҷикистон бисёр маъруф аст, бе дорухат бурдани баъзе доруҳо бо таркиби кодеин, антидепрессантҳо ва доруҳои сахти рафъи дард ҳамчун маводи мухаддир тасниф мешаванд, манъ аст. Аз ин рӯ, ҳатман дорухати духтурро бо худ гиред.

Дар Чин, ғайр аз дигар маҳудудиятҳо, воридоти маводҳо, филмҳо, аксҳо, дискҳо, аудио ва ғайра, ки ба сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва маънавиёти Чин зарароваранд, манъ аст. Ҳамчунин пулҳои қалбакӣ ва коғазҳои қиматнок, ҳайвонот, наботот ва маҳсулоти вобастаи онҳо, ки микробҳои хатарнок ва организмҳои зараровар доранд, иҷозаи воридот надоранд.

Дар Тайиланд оид ба воридоти машрубот (нӯшокиҳои спиртӣ), сигарет ва дастгоҳҳои электронии тамокукашӣ, аз ҷумла вейпҳо қоидаҳои сахт ҷорӣ шудаанд.

Ба Эрон, ғайр аз маводи муқаррарии мамнӯъ, ворид кардани машрубот, гӯшти хук, кортҳо, маводи порнографӣ ва дигар ашёе, ки ба ахлоқи исломӣ мухолифанд, инчунин маҳсулоти чопӣ бо рамзҳои давлатӣ ё нишонаҳои Исроил манъ аст.

Ба Туркия бо худ маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ набояд бурд, инчунин маҳдудиятҳо ба шумораи сигарет, машрубот, атр, қаҳва ва ҳатто шоколад амал мекунанд. Ба ин кишвар ворид кардани ашёи бостонӣ ва антиқа низ манъ аст.

 

Аз Тоҷикистон баровардани чиҳо манъ аст

Аз Тоҷикистон ба хориҷа баровардани тилло ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти хӯрокворӣ манъ аст. Ҳамчунин бе иҷозатномаи махсус наметавон минералҳо ва сангҳои кӯҳиро бо худ гирифт.

Мисли дигар кишварҳои ҷаҳон, содироти набототе, ки ба Китоби Сурх шомил шудаанд, инчунин ҳайвоноти нодир манъ мебошад. Ғайр аз ин, барои содироти доруворӣ низ қоидаҳои махсус амал мекунанд.

Дигар намудҳои бор, ки танҳо бо доштани иҷозатномаи махсус метавон содир кард, дар ин мавод муфассал тавзеҳ дода шудаанд.

 

Дар Тоҷикистон аз куҷо метавон бо қоидаҳои гумрукӣ шинос шуд?

Барои шинос шудан бо қоидаҳои ворид намудан ё аз кишвар баровардани ашё ва молу маҳсулот, метавонед ба ин рақамҳо занг занед:

Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон – 227-14-98, 221-75-33

Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе – 233-00-41

Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Турсунзода – 83130 2-18-28

Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон – 83222 2-29-41

Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд – 83422 5-40-87

Раёсати минтақавии гумрук дар ВМКБ – 83522 2-03-62.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...