“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Муҳокама

Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Муҳокама”-и Антон Чехов, нависанда ва драматурги машҳури рус дар тарҷумаи Обиди Шакурзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад. Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин […]

Asia-Plus

Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Муҳокама”-и Антон Чехов, нависанда ва драматурги машҳури рус дар тарҷумаи Обиди Шакурзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддинро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани ҳикояҳои Антон Чехов дар тарҷумаи Обиди Шакурзода оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.