“Моҳи хунин”. Сокинони Тоҷикистон метавонанд гирифти Моҳро мушоҳида кунанд

Asia-Plus

Шаби 7-ум ба 8-уми сентябри соли 2025 ҳодисаи табии гирифти Моҳ ё Моҳи хунин (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) рух медиҳад. Сокинони кишвар метавонанд дар Расадхонаи ситорашиносии Ҳисор гирифти Моҳро мушоҳида кунанд ва ба саволҳояшон дар ин маврид посух гиранд.

Аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки гирифти пурраи Моҳ аз соати 20:28 то 01:55 рух медиҳад.

“Институти астрофизикаи АМИТ вобаста ба ин ҳодиса барномаи  “Рӯзи дарҳои боз”-ро эълон кардааст. Барнома 7-уми сентябр соати 20:00 оғоз мешавад. Сокинони Тоҷикистон метавонанд ин ҳодисаро аз телескопи Расадхонаи Ҳисор ба таври ройгон мушоҳида кунанд”,-гуфтанд аз Институти астрофизика.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи барнома меҳмонон ҳамчунин имконият доранд доир ба сайёраҳои Муштарӣ ва Зуҳал маълумоти бештар гиранд.

Барои сабти ном ва маълумоти бештар бо ин рақамҳо – 50-180-0330, 98-756-2122 ва 1111-8-2122 дар тамос шавед. 

Бояд гуфт, гирифти Моҳ дар як сол аз 2 то 4 маротиба рух медиҳад ва як раванди табиӣ буда, ба саломатии инсонҳо ҳеҷ таъсире намерасонад.

Бори охир 14-уми марти имсол ҳодисаи табии гирифти Моҳ рух дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...