Пагоҳ сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳро мушоҳида карда метавонанд?

Пагоҳ, 14-уми марти соли 2025 ҳодисаи табии гирифти Моҳ ё Моҳи хунин (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) рух медиҳад. Ин падидаест, ки Замин дар байни Офтобу Моҳ қарор мегирад ва сояи Замин ба сатҳи Моҳ афтода, ранги онро сурхчатоб мегардонад. Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гирифти пурраи Моҳ пагоҳ аз […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Пагоҳ, 14-уми марти соли 2025 ҳодисаи табии гирифти Моҳ ё Моҳи хунин (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) рух медиҳад. Ин падидаест, ки Замин дар байни Офтобу Моҳ қарор мегирад ва сояи Замин ба сатҳи Моҳ афтода, ранги онро сурхчатоб мегардонад.

Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гирифти пурраи Моҳ пагоҳ аз соати 8:57 то 15:00 ба амал меояд.

“Давомнокии умумии ин падидаи астрономӣ 6 соату 3 дақиқаро ташкил медиҳад, аммо қисми пурраи моҳгирифтанӣ 1 соату 5 дақиқа аз соати 11:26 то 12:31 ба вақти Душанбе давом мекунад”,-гуфт ин олими тоҷик.

Вале Анвар Бӯризода афзуд, сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳро мушоҳида карда наметавонанд,  чунки “пагоҳ тулуи Моҳ соати 18:43 ва ғуруби он соати 6:38 бо вақти Душанбе ба амал меояд”.

Ин ҳодиса дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ мушоҳида намешавад. Гуфта мешавад, ки гирифти Моҳро сокинони Африқои Ҷанубӣ, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Аляска ва Гренландия мушоҳида карда метавонанд.

Гирифти Моҳ дар як сол аз 2 то 4 маротиба ба амал меояд ва як раванди табиӣ буда, ба саломатии инсонҳо ҳеҷ таъсире намерасонад.

ар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.