Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо

Имрӯз, 13-уми марти соли 2025, бо иштироки маҷозии раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон ду гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон “Гулистон – Қизил-Бел” ва “Маданият – Қайрағаш” пас аз қариб чор соли баста будан, дубора боз шуданд. То замони баста шудан дар соли 2021 дар марзи ду кишвар панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ фаъолият мекард. Аммо дар пайи низои […]

Имрӯз, 13-уми марти соли 2025, бо иштироки маҷозии раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон ду гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон “Гулистон – Қизил-Бел” ва “Маданият – Қайрағаш” пас аз қариб чор соли баста будан, дубора боз шуданд.

То замони баста шудан дар соли 2021 дар марзи ду кишвар панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ фаъолият мекард. Аммо дар пайи низои марзӣ миёни ду кишвар дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 аз сӯйи Қирғизистон баста шуданд.

Ҳамакнун, бо гузашти қариб чор сол ва ҳалли баҳси марзӣ, ду гузаргоҳ – “Гулистон – Қизил-Бел” дар шаҳри Исфара ва “Маданият – Қайрағаш” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дубора боз шуданд.

Бояд гуфт, ки боз будани гузаргоҳҳои сарҳадӣ барои ҳарду кишвар манфиатовар аст, аммо бештар аз ҳама, он барои сокинони наздимарзии ду кишвар муҳим мебошад, зеро раванди ҳаракати шаҳрвандон ва интиқоли молу колоро осон мекунад.

Бо назардошти ин, мо харитаеро таҳия кардем, ки дар он гузаргоҳҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин реҷаи кори онҳо нишон дода шудаанд.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.