Маош ва мақоми омӯзгорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?

Музди меҳнати омӯзгор дар Тоҷикистон ба ҳисоби мииёна 1646 сомонӣ (каме бештар аз 150 доллар) мебошад, ки аз маоши омӯзгорон дар кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас камтар аст. Маоши паст яке аз сабабҳои асосии соҳаи маорифро тарк кардани муаллимон ва паст рафтани сифати таълим шудааст. Барои муқоиса, вазъи даромади омӯзгорон дар дигар кишварҳои минтақа тариқи […]

Музди меҳнати омӯзгор дар Тоҷикистон ба ҳисоби мииёна 1646 сомонӣ (каме бештар аз 150 доллар) мебошад, ки аз маоши омӯзгорон дар кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас камтар аст.

Маоши паст яке аз сабабҳои асосии соҳаи маорифро тарк кардани муаллимон ва паст рафтани сифати таълим шудааст.

Барои муқоиса, вазъи даромади омӯзгорон дар дигар кишварҳои минтақа тариқи зайл аст:

Мақоми омӯзгор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Мақомоти Тоҷикистон роҳандозии ислоҳот дар низоми маорифро тавассути қабули қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ба нақша гирифтаанд. Муқаррароти муҳими қонун иборатанд аз:

– манъи ҷалби омӯзгорон ба фаъолияти ғайрикасбӣ (масалан, тозакунии қаламрав, корҳои кишоварзӣ ва ғайра);

– маҳдуд кардани дахолати беруна ба раванди таълим. Аз ҷумла, ҳатто вазири маориф бидуни иҷозаи омӯзгор наметавонад ба синф ворид шавад);

– бештар кардани шароити кори омӯзгорон.

Қазоқистон

Мақоми омӯзгор дар ин кишвар мувофиқи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” (соли 2019 қабул шудааст) танзим мешавад. Дар он, аз ҷумла пешбинӣ шудааст:

– cанҷиши ҳатмии сатҳи касбӣ (аттестатсия);

– такмили ихтисос;

– ҷавобгарии интизомӣ барои нақзи ахлоқи омӯзгор;

– кафолатҳои давлатӣ ва ҳифз аз ҷониби давлат.

Ӯзбекистон

Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” (соли 2024) кафолат медиҳад ба:

– вақти кории кӯтоҳ;

– рухсатии дарозшудаи музднок то 56 рӯзи тақвимӣ;

– бепул таъмин кардан бо дастурҳои таълимӣ;

– ҳимояи шаъну эътибори омӯзгорон аз ҷониби давлат.

Қирғизистон

Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” (соли 2001) муайян мекунад, ки омӯзгор шахси дорои ихтисоси дахлдор аст, ки дар системаи таълими умумӣ, томактабӣ ва ғайримактабӣ фаъолият мекунад.

Дар қонун ҳимоя аз ҳуқуқи омӯзгорон пешбинӣ шуда, имкони баланд бароштани сатҳи касбӣ ва такмили ихтисос кафолат дода мешавад.

Туркманистон

Омӯзгорон дар ҳар панҷ сол ҳатман аз санҷиши сатҳи касбӣ (аттестатсия) мегузаранд. Категорияҳои касбӣ (якум, дуюм, олӣ) бар асоси собиқаи корӣ дода мешаванд.

Ҳамчунин дар ин кишвар талабот ба симои зоҳирии омӯзгорон амал мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.