Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон. Ӯ кист?

Asia-Plus

Дирӯз, 5-уми сентябр Исматулло Насредин, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарскиро қабул намуд.

“Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бобати масоили мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуданд”, – зикр мегардад дар хабари ВКХ Тоҷикистон.

Дар ин вазифа, Радослав Дарски, Раймундас Кароблисро иваз намуд, ки тайи се соли ахир дар ин мансаб кор мекард.

Тавре ки дар сомонаи расмии ИА хабар дода мешавад, Дарски таҷрибаи бой ва тӯлониии дипломатӣ дорад ва аз соҳаи сиёсати аврупоӣ, ҳамкории минтақавӣ ва муносибатҳои байнулмилалӣ бештар огоҳ аст.

Ӯ таҷрибаи 20 солаи корӣ дорад ва дар мансабҳои калидии Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо, намояндагиҳои ИА дар минтақаҳои алоҳида фаъолият дошт.

Ахиран, дипломат ба ҳайси муовини директори Департаменти сиёсати аврупоиио ВКХ Лаҳистон (Полша) дар самти сиёсат оид ба Балкани Ғарбӣ, Туркия, Қафқози Ҷанубӣ ва шарикии Шарқ ифои вазифа мекард. То ин дам ӯ дар мансаби муовини директори Департаменти Шарқи ВКХ дар Варшава кор карда, дар самти сиёсат оид ба Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва ташаббуси шарикии Шарқ масъул буд.

“Таҷрибаи густардаи минтақавии ӯ ҳамчунин мансабҳои роҳбариро дар намояндагии ИА дар Ӯзбекистону Гурҷистон дар бар мегирад, ки дар ин ҷойҳо ӯ роҳбарӣ ба шуъбаҳои сиёсӣ ва иттилоотиро бар дӯш дошт ва ба рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ИА ва шарикони байнулмилалӣ саҳм мегузошт”, – таъкид мешавад дар хабар.

Сафир бо ихтисоси муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи Вротслав (Лаҳистон) дорои унвони магистр дар соҳаи сиёсатшиносӣ буда, озодона бо забонҳои лаҳистонӣ, англисӣ ва русӣ ҳарф мезанад.

Радослав Дарски, дар шарҳи таъиноти худ дар мавриди таҳкими муносибатҳо байни ИА ва Тоҷикистон, дастгирии ташаббусҳои кишвар оид ба рушд дар масоили  густардаи минтақавӣ изҳори рӯҳбаландӣ кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...