Аз 1 сентябр нархи истифодаи обу корез дар Душанбе баланд шуд

Аз 1-уми сентябри соли 2025 бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳамаи истифодабарандагон тағйир ёфт. Қарори шаҳрдори Душанберо дар бораи тағйири нархи оби нӯшокӣ ва корез Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар саҳифаи фейсбуки худ нашр кардааст.   Бо насби ҳисобкунак Тибқи ин қарор, […]

Asia-Plus

Аз 1-уми сентябри соли 2025 бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳамаи истифодабарандагон тағйир ёфт.

Қарори шаҳрдори Душанберо дар бораи тағйири нархи оби нӯшокӣ ва корез Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар саҳифаи фейсбуки худ нашр кардааст.

 

Бо насби ҳисобкунак

Тибқи ин қарор, барои онҳое, ки пули обро тариқи ҳисобкунак пардохт мекунанд, нархи оби нӯшокӣ чунин хоҳад буд:

Аҳолӣ – 2,60 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2,26 сомонӣ);

Ташкилоти буҷетӣ – 3,59 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2, 77 сомонӣ);

Ташкилоти тиҷоратӣ – 9,10 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 4,28 сомонӣ).

 

Бе насби ҳисобкунак

Онҳое, ки бидуни насби ҳисобкунак пули обро пардохт мекунанд, нарх барои 1 нафар ва дар як моҳ, ба таври зайл муқарар шудааст:

Барои биноҳои баландошёна – 28,07 сомонӣ (пештар 10,61 сомонӣ);

Барои ҳавлиҳои хусусии бо об ва корез таъминбуда – 23,39 сомонӣ (пештар 7,1 сомонӣ);

Барои хонаҳое, ки аз ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд – 7,41 сомонӣ (4,94 сомонӣ).

То ин замон сокинони кишвар барои обу корез ва партов чанд пул пардохт мекарданд дар матлаби “Оби нӯшокӣ, партов ва корез: сокинони минтақаҳои Тоҷикистон барои хадамоти коммуналӣ чанд пул пардохт мекунанд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.