Оби нӯшокӣ, партов ва корез: сокинони минтақаҳои Тоҷикистон барои хадамоти коммуналӣ чанд пул пардохт мекунанд?

Дар Тоҷикистон ба феҳристи хадамоти коммуналӣ, аз ҷумла, таъминоти оби нӯшокӣ, корез обҳои партов ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ дохил мешаванд. Маълум шуд, ки арзиши ин хидматрасониҳо вобаста ба минтақа фарқ мекунанд, дар баръзе минтақаҳо бошад, бархе хидматрасониҳо умуман пешниҳод намешаванд. Аз ҳама бештар барои таъмини обу корез сокинони шаҳри Хоруғ пул месупоранд: барои ҳар […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба феҳристи хадамоти коммуналӣ, аз ҷумла, таъминоти оби нӯшокӣ, корез обҳои партов ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ дохил мешаванд. Маълум шуд, ки арзиши ин хидматрасониҳо вобаста ба минтақа фарқ мекунанд, дар баръзе минтақаҳо бошад, бархе хидматрасониҳо умуман пешниҳод намешаванд.

Аз ҳама бештар барои таъмини обу корез сокинони шаҳри Хоруғ пул месупоранд: барои ҳар як метри мукааб 3,12 сомонӣ. Ҳамзамон, хидматрасонии корез на дар ҳама ноҳияҳои кишвар пешниҳод мешавад, дар баъзе маҳалҳо сокинон танҳо бо об таъмин мегарданд.

Партовкашонӣ танҳо дар 14 шаҳру ноҳияи кишвар ба роҳ монда шудааст. Арзиши ин хидматрасонӣ, бе назардошти арзиш аз андози иловашуда (14%)  58,08 сомонӣ барои як метри мукаабро ташкил медиҳад. Меъёри партовҳосилнамоӣ дар як сол барои як нафар 2,05 метри мукааб муқаррар шудааст. Ба ин тартиб, маблағи солонаи бурдани партов барои як нафар тақрибан 119 сомониро ташкил медиҳад.

Дар деҳот оби ошомиданӣ ва оби обёрӣ аз ҷониби бахши алоҳидаи ХМК — “Тоҷикобдеҳот” таъмин карда мешавад, ки дар 25 ноҳияи ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.

Дар шаҳри Душанбе бошад, тарофаҳо барои кашонидани партовҳои сахти маишӣ вобаста ба навъи манзил фарқ мекунанд: 

– барои ҳавлиҳо — аз 2,90 то 3,10 сомонӣ;

– барои хонаҳои нообод (баракҳо) — аз 2,70 то 3 сомонӣ; 

– барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ — аз 2,40 то 2,60 сомонӣ 

– барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ — аз 2 то 2,20 сомонӣ.

Арзиши таъмини 1 метри мукааб оби ошомиданӣ ва рафъи партовобҳо дар хонаҳои дорои ҳисобкунак – 2,26 сомонӣ ва барои хонаҳо бе ҳисобкунак 75 дирам муқаррар шудааст.

Арзиши хидматрасониҳо вабаста ба минтақа дар тасвирбаёни мо.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.