Вазорати маориф ва илм гуфт, ки хонандагону донишҷӯён дар ҷашни истиқлол чанд рӯз истироҳат мекунанд

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Хонандагони синфҳои болоӣ (аз 5 то 11) ва донишҷӯён ба муносибати ҷашни истиқлол рӯзҳои 7-ум ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Вале рӯзи душанбеи 8-уми сентябр барои онҳо рӯзи дарсӣ аст.

Хонандагони синфҳои ибтидоӣ (аз 1 то 4) ва таълимгирандагони кӯдакистонҳо бошад, се рӯз пайдарпай – 7, 8, ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Дарсҳои рӯзи 8-уми сентябри онҳо ба 6-уми сентябр интиқол шуд.

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, барои кормандони соҳаи маориф ва илм, ки дар як ҳафта 5 рӯз кор мекунанд, рӯзҳои 7, 8 ва 9-уми сентябр таътил эълон шудааст. Нафароне, ки 6 рӯзи корӣ дар ҳафта барояшон муайян шудааст, рӯзи душанбе, 8-уми сентябр, бояд ба кор бароянд.

Имсол ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ, сокинони кишвар, ки реҷаи 5-рӯзаи корӣ дар ҳафта доранд, се рӯз пайиҳам – 7, 8 ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Имсол аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикитсон 34 сол пур мешавад.

Бояд гуфт, ки имсол чорабинии асосӣ ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар вилоятҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...