Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 10 СЕНТЯБР

– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.

– Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли давдатӣ намоишгоҳ ташкил гардидааст. Дар он 26 асари тасвирии рассомони ҷавони тоҷик дар аҳди истиқлол ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ то 15-уми сентябр идома мекунад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 СЕНТЯБР

Соли 2008 – Дар деҳаи Панҷрӯд дар остонаи таҷлили 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ, поягузори адабиёти форсу тоҷик, мақбараи шоир ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон пули арзишашон 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

Соли 2010 – Аз Институти геологияи Тоҷикистон тақрибан 7 килограмм платина ба маблағи тақрибан 750 ҳазор сомонӣ дуздида шуд.

Соли 2014 – Президентҳои Тоҷикистон ва Эрон чархаи дуюми НБО “Сангтуда-2”-ро ба истифода доданд.

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон чопи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид, ки баъдан бо дастури раисҷумҳур ба ҳар хонадон тақдим шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 – Зодрӯзи Маҳмадӣ Ҳамроев, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор.

Соли 1933 – Усмон Мамадқулов, доктори илмҳои биологӣ таваллуд шудааст.

Соли 1936 – Мавлуди Зариф Ибод, шоир ва тарҷумони тоҷик.

Соли 1933 – Зодрӯзи Усмон Маҳмадқулов, доктори илми биологӣ.

Соли 1940 – Мавлуди Шарофат Ғуломова, доктори илмҳои биологӣ, профессор.

Соли 1945 – Зодрӯзи Бобоҷон Бобохонов, ҳуқуқшинос, додситони кулли пешини Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бобоҷон Бобохонов

 

Бобоҷон Бобохонов соли 1973 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти худро ҳамчун муфаттиши прокуратураи ноҳияи Вахш оғоз намудааст.

Минбаъд дар зинаҳои гуногуни мақомоти додситонӣ кор кардааст. Солҳои 1978–1979 додситони шуъбаи тафтишоти додситонии вилояти Қӯрғонтеппа, солҳои 1979–1985 муовини додситони ноҳияи Вахш, солҳои 1985–1990 додситони ноҳияи Панҷ, солҳои 1991–1993 сардори шуъбаи додситонии вилояти Қӯрғонтеппа, солҳои 1993–1996 додситони вилояти Хатлон ва солҳои 1996–1997 додситони вилояти Суғд буд.

Аз соли 1996 то соли 2000 ҳамчун муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон фаъолият карда, соли 2000 додситони кулли кишвар таъйин шуд. Ӯ даҳ сол, то 30 январи соли 2010 дар ин вазифа фаъолият бурда, ба нафақа баромад.

Дар замони додситонии ӯ, парвандаҳои пурсарусадо боз шудаву мансабдорони шинохтаи пешин ва пурнуфузи он замон, аз ҷумла Ёқуб Салимов, вазири пешини ВКД, Ғаффор Мирзоев, сардори Горди президентӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократ, ки ҳамагӣ аз чеҳраҳои пуртаъсири замони ҷанги шаҳрвандӣ буданд, барои муддатҳои тӯлонӣ паси панҷара рафтанд. Дар ин миён танҳо Ёқуб Салимов аз зиндон раҳо гардида, дигарон ҳамоно дар маҳбасанд.

“Парвандаи исфарагиҳо”, ки дар доираи он Низомхон Ҷӯраев, вакили маҷлиси маҳаллии пешин, тоҷир ва молики корхонаи кимиёи Исфара ва 33 нафари дигар муҳокима гардида, аксари кулли онҳо барои муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд, низ номи Бобоҷон Бобохоновро дар сархати расонаҳо қарор дод. Ӯ ба қарори додгоҳ эътироз кард ва онро “говсуд” номид.

Соли 1947 – Зодрӯзи Татяна Холова, раққосаи балети Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистони шуравӣ.

Соли 1948 – Мавлуди Иброҳим Усмонов, рӯзноманигор, доктори илмҳои таърих, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Иброҳим Усмонов

 

Профессор Иброҳим Усмонов аз нахустин муҳаққиқони соҳаи журналистика ва шинохтатарин чеҳра дар ин ришта буда, нақши ӯ дар рушди журналистика, таърихнигорӣ ва сиёсат басо муҳим аст.

Ӯ хатмкардаи шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти рӯзноманигориашро аз нашрияи “Тоҷикистони советӣ” оғоз кардааст.

Аз соли 1981 то 1984 дар Донишгоҳи шаҳри Кобул фаъолият дошт. Соли 1988 декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар солҳои пурталотуми 1993 ӯ ба вазифаи муовин ва сипас раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъйин шуд.

Усмонов дар арсаи сиёсат низ нақши чашмрас дошт. Ӯ солҳои 1995-1996 ҳамчун мушовири давлатии Президенти кишвар оид ба илм ва масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолият кард ва солҳои 1995–2000 вакили парлумон ва раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва маданияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.

Дар ҷараёни музокироти сулҳи тоҷикон ӯ фаъолона иштирок намуда, аз соли 1997 то соли 2000 раиси Комиссия оид ба масъалаҳои сиёсии Комиссияи оштии миллӣ буд.

Солҳои 2004–2006 муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва соли 2009 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамзамон, фаъолияти илмии ӯ низ пурсамар буда, муаллифи чандин асарҳои илмӣ мебошад.

Иброҳим Усмонов узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, барои ташаккули мактаби касбии журналистика дар кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Соли 1958 – Мавлуди Ғафур Усмонов, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Соли 1960 – Мавлуди Саидмурод Бостонгуҳар, бостоншинос ва таърихнигори тоҷик, доктори илмҳои таърих.

Соли 1967 – Зодрӯзи Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуқаюми Қаюмзод

 

Абдуқаюми Қаюмзод аз чеҳраҳои шинохтаи журналистикаи тоҷик, аз ҷумла дар расонаҳои байналмилалӣ аст. Ҳунари ӯро дар мусоҳиба аксар муҳаққиқон ва ҳампешагонаш эътироф мекунанд. Ҳамчунин, аксар ҳамсӯҳбатонаш ҳам таъкид менамоянд, ки Қаюмзод ба таври ҳирфаӣ мусоҳиба анҷом медиҳад ва ҳангоми сӯҳбат бо ӯ бояд омода буд.

Қаюмзод чандин сол дар Радиои Озодӣ кор карда, тавассути мусоҳибаҳо ва гузоришҳои воқеънигоронааш рӯйдодҳои Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Соли 1973 – Мавлуди Хуршед Атовулло, рӯзноманигори маъруфи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршед Атовулло

 

Хуршед Атовулло журналисти маъруф, директори пешини Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ), узви ИЖТ ва ИНТ, тадқиқотгар, детективнавис, таронанавис ва нафарест, ки дар баробари як шуъбаи рӯзноманигории донишкада журналист омода кардааст.

Ӯ хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти рӯзноманигориаш басо муассир ва гуногунҷабҳа аст. Ӯ аз соли 1996 то 1999 мухбири рӯзномаи “Чархи гардун” буда, солҳои 1999–2001 мудири шуъбаи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, солҳои 2001–2003 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистон”, солҳои 2003–2004 ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Рӯзи нав” ва солҳои 2004–2005 сармуҳаррири рӯзномаи “Зиндагӣ” буд.

Аз соли 2005 Хуршеди Атовулло раҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” буд.

Аммо чанде пеш Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон барҳам хӯрда, ҳафтаномаи “Самак” аз нашр бозмонд ва “Фараж” ба “Фараҳ” ивази ном карда, шакли фаъолияташро аз чопӣ ба рақамӣ табдил дод.

Дар паҳлӯи фаъолияти рӯзноманигорӣ, Хуршеди Атовулло ҳамчун нависандаи асарҳои детективӣ низ маҳбубият пайдо кардааст. Ӯ муаллифи китобҳои “Марги журналист”, “Хунро бо хун мешӯянд”, “Санге ба гӯри Лайлӣ” ва дигар осори детективӣ аст.

“Азия-Плюс” ду сол пеш дар остонаи 50-солагии Хуршед Атовулло бо ӯ мусоҳиба анҷом дода буд, ки дар ин пайванд мутолиа кунед.

Соли 1993 – Зодрӯзи Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷик аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рухшона Ҳакимова

 

Рухшона Ҳакимова аз ҷавонтарин рӯзноманигори тоҷик аст, ки ҳоло дар зиндон аст. Ӯ аввали соли ҷорӣ аз сӯйи Додгоҳи Тоҷикистон бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" барои 8 сол равонаи зиндон шуд. Худи ӯ гуноҳро эътироф накардааст. Дар бораи иттиҳоми алайҳи ӯ дар ин пайванд бештар мутолиа кунед.

Ӯ соли 1993 таваллуд шуда, факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Фаъолияти касбии худро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз намуда, дар нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият кардааст.

Ӯ дар ташкилоти ҷамъиятие чун Шӯрои ВАО ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ фаъолият дошт.

Мақолаҳои таҳлилию тадқиқотии ӯ дар сомонаҳои “CABAR.asia” ва “factcheck.tj” низ нашр шудаанд.

Барои саҳми арзандааш дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, Рухшона Ҳакимова бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор ва соҳиби ду кӯдак аст.

Соли 2010 – Абдулло Султон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 55 аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ мебошад. Ин сана бо ҳадафи баланд бардоштани огоҳӣ, таҳкими ирода ва ташвиқи амалҳои муштарак барои коҳиш додани сатҳи худкушӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Ба гуфтаи мутахассисон, ҳар сол дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна тақрибан 1 миллион нафар бар асари худкушӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Яъне, ҳар 40 сония як инсон ба чунин фоҷиа рӯ ба рӯ мешавад. Омори фавт аз худкушӣ ба шумораи талафот дар ҷангҳо ва кушторҳои дастаҷамъӣ баробар арзёбӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), сатҳи паҳншавии худкушӣ бештар дар кишварҳои рушдёфта ба назар мерасад.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки худкушӣ на танҳо мушкили шахсӣ, балки масъалаи иҷтимоӣ ва тиббӣ аст. Аз ин рӯ, чорабиниҳои пешгирикунанда, дастгирии равонӣ ва ҳамкории ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд.

10-уми сентябри соли 1984 муайян намудани “изҳои генетикӣ”, ё худ ДНК кашф гардид. Генетики маъруфи бритониёӣ Алек Ҷеффрис аввалин шуда собит намуд, ки сохтори ДНК-и ҳар як инсон комилан такрорнашаванда аст ва мисли изи ангушт хусусияти инфиродӣ дорад.

Ба гуфтаи худи олим, ин кашф комилан тасодуфӣ ва ба як навъ илҳоми илмӣ шабоҳат дошт. Ҳангоми таҳлили аксҳои рентгении молекулаи ДНК ӯ пай бурд, ки занҷирҳои генетикӣ дар ҳар шахс бо шаклу намунаи хос фарқ мекунанд. Ӯ ин падидаро “изҳои генетикӣ” номид. Бо ҳамин, илм соҳиби як усули нав гардид, ки баъдан бо номи “дактилоскопияи генетикӣ” машҳур шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Истифодаи ин усул имконият дод, ки на танҳо хешутаборӣ ва насаб муайян карда шавад, балки ҳузур ё набуди шахс дар ҷиноят низ бо далели қатъӣ собит гардад. Аз тариқи чунин таҳқиқот садҳо нафаре, ки ба иштибоҳ зиндонӣ шуда буданд, бегуноҳии худро исбот намуда, озодӣ ёфтанд.

Имрӯз ДНК ба яке аз абзорҳои муҳимтарини илми криминалистика ва тиб табдил ёфтааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, дар баъзе минтақаҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...