Мақомот билохира ба хонаводаи Хирадманд Усмонзода, афсари кушташуда дар муноқишаи марзӣ хона додаанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти ноҳияи Айнӣ билохира ба хонаводаи Хирадманд Усмонзода, афсари тоҷик, ки ду сол пеш дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон кушта шуд, хонаи истиқоматӣ додаанд.

Се моҳ пеш хонаводаи Хирадманд Усмонзода шикоят карда буданд, ки мақомоти маҳаллӣ ба ваъдаи худ ҷиҳати кӯмак ба хонаводаи афсари кушташуда вафо накардаанд ва онҳо дар хонаи пайвандон зиндагӣ мекунанд.

Ҳукумати ноҳияи Айнӣ гуфтааст, ки дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба оилаи Хирадманд Усмонзода хонаи истиқоматӣ тақдим шудааст.

“Хирадманд Усмонзода яке аз фарзандони далеру ватандӯсти тоҷик буд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар бар асари ҳуҷуми аҳдшиканонаи ҷониби қирғиз, ҷонбозӣ намуд”,-омадааст дар хабари расмӣ.

Ҳабибаи Сафарзод, ҳамсари Хирадманд Усмонзода дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки масъулин калиди хонаро ба онҳо рӯзи 9-уми сентябр супоридаанд ва хонаводаи марҳум аллакай дар он сукунат доранд.

“Хонаи истиқоматии ду ҳаҷрагӣ дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ бо тамоми чизу чорааш доданд. Ҳоло бо фарзандонам дар ин хона зиндагӣ карда истодаем”, – иброз дошт ҳамсари Хирадманд Усмонзода.

Бояд гуфт, ки ду моҳи қабл хонаводаи Хирадманд Усмонзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ваъдахилофии мақомоти ноҳияи Айнӣ барои надодани хонаи истиқоматӣ шикоят карда буданд.

Ҳамсари Хирадманд Усмонзода гуфта буд, ки шавҳараш маоши зиёд намегирифт ва дар Хуҷанд иҷоранишин буданд. Ӯ гуфта буд, ки баъди марги Хирадманд Усмонзода бо ду фарзанди нимаятим дар хонаи пайвандони шавҳараш зиндагӣ мекарданд.

Ёдрас мешавем, ки Хирадманд Усмонзода моҳи сентябри соли 2022 дар муноқишаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон кушта шуд ва ду фарзанди ӯ ятим монданд.

Ӯ соли 2012 ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста то моҳи сентябри соли 2022 дар Гвардияи миллӣ хидмат кардааст.

Дорандаи рутбаи лейтенанти калон буд ва пас аз маргаш дар муноқишаи марзӣ, ӯро бо ордени Спитамени дараҷаи 2 сазовор донистанд.  

Қаблан мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, ки мактаби №27-и деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ, ки онҷо Хирадманд Усмонзода таҳсил кард, ба номи ӯ гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз муноқишаи моҳи июни соли равон, ки он замон низ чанд нафар сарбозу афсари тоҷик қурбон шуда буданд, дар Исфара 9 кӯчаро дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузошта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...