Соли 2025 зиёда аз 87%-и кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия қабул нашудаанд

Беш аз 87%-и кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехостанд дар мактабҳои Русия таҳсил кунанд, ба муассисаҳо қабул нашудаанд. Дар ин хусус ниҳоди назорат дар соҳаи маорифи ин кишвар (Росборнадзор) хабар дода, зикр кардаанд, ки сабаби асосии рад шудан, бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳо барои роҳ додан ба супоридани санҷиш (тест) аз забони русӣ мебошад. Ба навиштаи Интерфакс, аз моҳи апрел […]

Asia-Plus

Беш аз 87%-и кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехостанд дар мактабҳои Русия таҳсил кунанд, ба муассисаҳо қабул нашудаанд. Дар ин хусус ниҳоди назорат дар соҳаи маорифи ин кишвар (Росборнадзор) хабар дода, зикр кардаанд, ки сабаби асосии рад шудан, бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳо барои роҳ додан ба супоридани санҷиш (тест) аз забони русӣ мебошад.

Ба навиштаи Интерфакс, аз моҳи апрел то августи соли 2025 ҳуҷҷатҳо барои қабули 23 ҳазору 616 кӯдак пешниҳод шудаанд. Аммо танҳо 8 ҳазору 223 кӯдак бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо дошта, аз ин теъдод 5 ҳазорпу 940 нафар ба супурдани тест роҳ дода шудаанд.

Аз ин 2 ҳазору 964 кӯдак санҷишро муваффақона супурдаанд, ки ин нишондиҳанда 50% аз теъдоди иштирокчиёни имтиҳон ва ҳамагӣ 12% аз шумори умумии довталабон мебошад.

Дар "Рособрнадзор" зикр кардаанд, ки санҷишҳо бо дарназардошти синфҳо таҳия шудаанд. Дар синфи якум малакаҳои нутқи шифоҳӣ ва сарфу навҳ (грамматика) санҷида шуда, аз синфи дуюм малакаву маҳорати хониш ва навиштан илова мешаванд. Супурдани санҷиш дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ сурат мегирад.

Ба ҷуз имтиҳон, волидайн ба пешниҳоди бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо уҳдадоранд:

– тасдиқи хешутаборӣ ва қонунӣ ҳузур доштан дар Русия;

– хулоса (маълумотнома)-и тиббӣ;

–  тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо бо забони русӣ.

Дар ҳолати мавҷуд набудани бастаи пурра, ҳуҷҷатҳо бидуни баррасӣ баргардонида мешаванд.

Ааз 1-уми апрели соли 2025 супурдани санҷиш аз забони русӣ барои хориҷиён, ки мехоҳанд ба мактабҳои Русия шомил шаванд, ҳатмӣ шуд.

Натиҷаи манфӣ ё бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳо метавонанд асос барои рад кардани қабул ба мактаб шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.