“МегаФон Тоҷикистон” бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари ҷолибро баргузор мекунад

Телефонҳои ҳушманд (смартфонҳо), ноутбукҳо, телевизор, соатҳои доно ва гаҷетҳои дигари арзишманд, инчунин туҳфаи асосӣ – 1 000 000 сомонӣ иштирокчиёни бозии бурднокро, ки ширкати “МегаФон Тоҷикистон” чанде пеш эълон намуд, интизоранд. Имкони ба даст овардани яке аз туҳфаҳоро бо дастраскунии ID-рамзи махсус бо 3 сомонӣ пайдо метавон кард. Дар баробари ин, соҳиби ҳар як ID-рамз аз оператор […]

Таблиғ

Телефонҳои ҳушманд (смартфонҳо), ноутбукҳо, телевизор, соатҳои доно ва гаҷетҳои дигари арзишманд, инчунин туҳфаи асосӣ – 1 000 000 сомонӣ иштирокчиёни бозии бурднокро, ки ширкати “МегаФон Тоҷикистон” чанде пеш эълон намуд, интизоранд.

Имкони ба даст овардани яке аз туҳфаҳоро бо дастраскунии ID-рамзи махсус бо 3 сомонӣ пайдо метавон кард. Дар баробари ин, соҳиби ҳар як ID-рамз аз оператор 100 Мб трафики интернетро туҳфа мегирад. Ҳеҷ кас бе туҳфа намемонад.

Имконияти иштирокчии бозии бурдноки “МегаМиллион” шудан ба ҳамаи муштариёни ширкат, ки синнашон ба 18 расида, дар ҳудуди Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, дастрас мебошад. Ширкат дар он осон аст. Хоҳишмандон метавонанд пайваста ID-рамзҳоро ба даст оваранд. Сипас танҳо лозим аст, ки натиҷаҳоро интизор шуда, ба муваффақияти хеш боварӣ ҳосил кунанд.

Дастраскунии ID-рамз бо яке аз воситаҳои зерин имконпазир аст:  

– Бо анҷоми занг ба рақами кӯтоҳи “650”

– Бо рақамчинии USSD-дархости *650#

Рӯзи 22-юми сентябр бурди туҳфаҳои марҳилавӣ баргузор мешавад. Дар он ҳамаи муштариёне, ки ID-рамзҳоро дастрас карда буданд, иштирок менамоянд. Дар рафти пахши мустацим, тариқи аккаунтҳои расмии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, соҳибони телевизори “Samsung”, смартфони “Xiaomi Redmi Note” ва инчунин гӯшмонакҳои бесим, соатҳои доно ва аккумуляторҳои берунӣ муайян карда мешаванд.

Бурди туҳфаи асосӣ – 1 000 000 сомонӣ, смартфони “iPhone 16 Pro”, ноутбуки “Apple MacBook” ва дастгоҳи бозӣ рӯзи 22-юми октябр дар пахши мустақими яке аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон доир мешавад.

Ҳар як маротиба дар интихоби туҳфаҳои арзишманд “лототрон” кӯмак менамояд: аз рақамҳои тасодуфӣ ID-рамзҳои ғолибони бозии бурднок тартиб дода мешавад.

Барои зиёдкунии имкониятҳои худ барои пирӯзӣ, иштирокчиён ID-рамзҳоро бемаҳдуд ба даст оварда метавонанд. Барои харидани бастаи пурра тахфифҳои махсус амал мекунанд. Ҳамин тавр, 10 ID-рамзро бо нархи 10% арзонтар, яъне бо арзиши 27 сомонӣ, 50 ID-рамзро бо нархи 127 сомонӣ, яъне бо тахфифи 15% дастрас метавон кард. Нархи 100 ID-рамз ба 240 сомонӣ баробар аст, ин нарх дар муқоиса ба пардохт дар алоҳидагӣ 20% муфидтар мебошад.

Имконияти ба даст овардани туҳфа дар шакли трафики интернет барои ID-рамзҳо ҳангоми “хариди яклухт” низ нигоҳ дошта мешавад. Барои 10 ID-рамз ба таври автоматӣ бастаи бонусии иборат аз 5 000 Мб, барои 50 ID-рамз – 10 000 Мб пайваст карда мешавад. Барои харидани 100 ID-рамз бошад, туҳфа дар шакли 20 000 Мб интернет пешниҳод мегардад.

Бо шартҳои пурраи бозии бурднок ва маълумоти муфассал оид ба воситаҳои дастраскунии ID-рамзҳо бо миқдорҳои зиёд ё дона дар сомонаи “МегаФон Тоҷикистон” шинос шавед.

Бозии бурдноки “МегаМиллион” – имконияти нодири Шумо барои амалисозии орзуи худ бо ёрии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”! Ба мубориза барои миллион ҳамроҳ шавед!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.