Бонки миллии Тоҷикистон камбуди долларро дар бонкҳои кишвар рад кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) камчинии долларро дар бонкҳои кишвар рад карда, гуфт, "талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби низоми бонкӣ пурра қонеъ гардонида мешавад".

Ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ навишт, ки доллар дар бонкҳои Тоҷикистон камёфт шуда, чанде аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба онҳо гуфтанд, ки ё доллар надоранд, ё бо маҳдудияти то $500 доллар мефурӯшанд.

БМТ дар як вокуниш ба ин навишта гуфтааст, ки "ташкилотҳои қарзии молиявӣ асъори нақдро барои фурӯш ба шахсони воқеӣ аз хориҷа ва бозори дохилӣ дастрас мекунанд ва ин ниҳод тибқи тартиби муқарраршуда талаботи ташкилотҳоро бо доллари нақди ИМА дар асоси дархости расмии онҳо таъмин менамояд".

“Барои таъмин намудани ашкилотҳои қарзии молиявӣ бо доллари нақд аз ҷониби БМТ ягон намуд маҳдудият ҷорӣ нашуда, баръакс талаботи ташкилотҳо дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда пурра ва сари вақт қонеъ гардонида мешавад”, – омадааст дар хабари шуъбаи матбуоти БМТ.

Дар вокуниш зикр мешавад, ки дар робита ба фурӯши доллар низ аз сӯи бонкҳои тиҷоратии кишвар  аз тарафи БМТ ягон маҳдудият ё талаботи иловагӣ ҷорӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки норасоии муваққатии асъор дар бонкҳо  танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз қабили ба итмом расидани асъори нақди ҷудошуда дар хазина, инчунин дар вақти муайяншуда ирсол нагардидани асъори нақдӣ ба миён меояд.

"Вале ҳолати мазкур вазъияти бозорро пурра инъикос намекунад", – мегӯянд дар БМТ

Ин ниҳод хотиррасон намудааст, ки дар тамоми хазинаҳои бонкҳо ва воҳидҳои сохтории онҳо телефони боварии БМТ барои қабули арзу шикояти истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мавҷуд аст.

"Шаҳрвандон тариқи он метавонанд бевосита оид ба мушкилот ва масъалаҳои ҷойдошта муроҷиат намоянд", – илова шудааст дар хабар.

Қобили зикр аст, ки бо оғози даргирии мусаллаҳона миёни Русия ва Украина, инчунин давра ба давра аз доллар ба рубл гузаштани ҳисоббаробариҳои савдо байни Тоҷикистону Русия, тайи се соли ахир мушкилоти камбуди доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон, ба он миқёсе, ки то соли 2022 рух медоданд, ба мушоҳида намерасид. Аммо тайи моҳҳои ахир сокинони Тоҷикистон бисёр вақт аз мавҷуд набудани доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор арзу шикоят мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар чанд моҳи охир қурби доллар дар баробари асъори миллӣ-сомонӣ якбора поин рафта аз  1100 то 950 поин фаромадааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...