Боздошти як марди 52-сола бо гумони қатли марди 35-сола дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд як марди 52-сола ба қатли ҳамнишини 35-солааш бо зарби корд гумонбар мешавад. Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гуфтааст, ҳодисаи охири моҳи август дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд рух дода,  “сабаби куштор майзадагӣ ва пеш бурдани ҳаёти носилими ҳарду ҷониб мебошад”. Аз гумонбар Ҷуразода Абдураззоқ […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд як марди 52-сола ба қатли ҳамнишини 35-солааш бо зарби корд гумонбар мешавад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гуфтааст, ҳодисаи охири моҳи август дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд рух дода,  “сабаби куштор майзадагӣ ва пеш бурдани ҳаёти носилими ҳарду ҷониб мебошад”.

Аз гумонбар Ҷуразода Абдураззоқ ном бурда шуда, худи ӯ мегӯяд, “ғайбату бадгуйии ҳамқадаҳаш боиси адовату бадбинӣ шудааст”.

“Ман ӯро се руз надида будам. Фаҳмам маро ғайбат  ва  ҳақорат кардааст.  Бо қаҳру ғазаб дар дастам корд барои аниқ кардан ба хонааш омадам, дарашро куфтам дарро кушода “барои чи омадӣ?”  гуфта дашном дод. Кордро баровардаму ба шикамаш задам  ва кордро гирифтаму монда рафтам”, – гуфтааст гумонбар.

Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Ҳоло нисбати Ҷуразода барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг ё моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи  ҷиноятӣ оғоз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо ҳодисаи куштор ба қайд гирифта мешавад. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва суйқасд ба он сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.