Тоҷикистон дар радабандии навовариҳо миёни 139 кишвар дар зинаи 108-ум қарор гирифт

Дар радабандии ҷаҳонии Шохис (индекс)-и навоварӣ (инноватсиони) дар соли 2025 Тоҷикистон миёни 139 кишвар дар зинаи 108-ум қарор гирифтааст. Ин радабандӣ аз сӯи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таҳия шуда, Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта як зина поин фаромадааст.  Мақоми нисбатан баландро дар ин радабандӣ миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Эстония (зинаи 16-ум) касб кардааст. Ба панҷгонаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар радабандии ҷаҳонии Шохис (индекс)-и навоварӣ (инноватсиони) дар соли 2025 Тоҷикистон миёни 139 кишвар дар зинаи 108-ум қарор гирифтааст. Ин радабандӣ аз сӯи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таҳия шуда, Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта як зина поин фаромадааст. 

Мақоми нисбатан баландро дар ин радабандӣ миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Эстония (зинаи 16-ум) касб кардааст.

Ба панҷгонаи беҳтарин чунин кишварҳо шомил шудаанд:

– Литва (33-юм);

– Латвия (41-ум);

– Гурҷистон (56-ум);

– Арманистон (59-ум);

– Русия (60-ум).

Баъд аз ин, Украина (66-ум), Молдова (74-ум), Ӯзбекистон (79-ум), Қазоқистон (81-ум), Беларус (85-ум), Озарбойҷон (94-ум) ва Қирғизистон (96-ум) ҷойгир шудаанд. Туркманистон дар радабандӣ зикр нашудааст.

Зинаҳои аввали радабандиро Швейтсария, Шветсия, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур касб карда, бори нахуст Британияи Кабир, Финландия, Ҳоланд, Дания ва Чин ба даҳгонаи пешсафон дохил шудаанд.

Зинаҳои охирро Конго, Ангола ва Нигер (139-ум) касб кардаанд.

Навоварӣ ё инноватсия – ғоя (идея), тарзу усул ё технолгияҳои нав аст, ки барои ҳалли мушкилот кумак карда, барои ҳали беҳтару тезтари он чизи наве мефорад. Масалан, таҳияи дастгоҳи нав, беҳбуди ҷараёни кор ё ҷорисозии тарзҳои нави муошират, ин ҳама навоварӣ аст. Онҳо ба рушди кишвар, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва пурсамар гардонидани кор ёрӣ мерасонанд.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки пешгӯиҳо дар соҳаи навовариро сустшавии суръати сармоягузорӣ ба фаъолияти навоварона манфӣ месозад.

Барои арзёбии натиҷаҳо дар соҳаи инноватсияҳо муаллифони Шохиси ҷаҳонии инноватсионӣ аз ҳудуди 80 нишондиҳанда бо шумули хароҷот ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ, ҳаҷми шартномаҳо бо сармояи венчурӣ, ҳаҷми содироти маҳсулоти дорои технологияҳои баланд ва дархостҳо барои бақайдгирии моликияти зеҳнӣ истифода мекунанд.

Гузориш ҳамчун манбаи меъёри ҷаҳонии иттилоот пешниҳод мешавад, ки ба сиёсатмадорону роҳбарони соҳаи тиҷорат ва дигар ҷонибҳои манфиатдор кумак мекунад, то ки фаъолияти наворваронаро ҳавасманд гардонида, низомҳои экологии боэътимоди навоварро бунёд намоянд.

Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ яке аз муассисаи СММ буда, аз манфиати навоварон ва муаллифон дар саросари ҷаҳон ҳимоя мекунад ва барои пешбурди бемонеаи ғояҳои онҳо ба бозор ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум сарфи назар аз макони зисташон, шароит фароҳам меорад.

Аз замони таъсиси худ Шохиси ҷаҳонии навоварона ба меъёри пешрафтаи ҷаҳонӣ барои санҷиш ва муқоисаи нишондиҳандаҳои фаъолияти сармоягузорӣ табдил ёфт. Маҷмаи умумии СММ онро манбаи бонуфуз дар заминаи сиёсати илм, техника ва инноватсия эътироф намудааст.

Шохиси соли 2025 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи “Портулан” таҳия шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.