Гирифтани шаҳодатномаи таваллуд бидуни ҷарима ва муҳлати муайян

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2025 қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" дар таҳрири нав амал мекунад, ки яке аз тағйироти муҳим дар он ба сабти таваллуди кӯдакон дахл дорад. Дар ин бора Екатерина Смолякова, сарвари иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ" дар суҳбат бо “Азия-Плюс” муфассал шарҳ дод.

 

Чӣ тағйир ёфт?

Қаблан, дар кишвар қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" аз 29-уми апрели соли 2006 амал мекард. Тибқи он, яке аз талабҳои асосӣ, зимни гирифтани шаҳодантномаи таваллуд пешниҳоди ҳуҷҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти волидайн (ё яке аз онҳо) буд. Дар сурати мавҷуд набудани онҳо, ариза барои сабти таваллуди кӯдак қабул намешуд, яъне кӯдак аз замони таваллудаш бе ном ва бе шаҳодатнома дар бораи таваллуд мемонд.

Акнун дар таҳрири нави қонун, агар волидайн ё аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надошта бошанд, сабти таваллудро метавон бар асоси муроҷиати хаттии ташкилоти тиббӣ ё мақомоти васоят ва парасторӣ ба қайд гузошт (қисми 4-и моддаи 18).

Ғайр аз ин, дар қонуни соли 2006 муқаррар шуда буд, ки ариза ба мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар бораи сабти таваллуди кӯдак бояд на дертар аз 3 моҳ аз замони таваллуд дода шавад. Дар акси ҳол, волидайн ҷарима мешуданд.

Ҳамин тариқ, дар тағйироти соли 2025 муҳлати пешниҳоди ариза зикр нашуда, акнун волидайн сарфи назар аз кай таваллуд шудани кӯдак ва бидуни хавфи ҷарима, метавонанд барои шаҳодатнома муроҷиат намоянд.

"Албатта, ин маънои онро надорад, ки падару модарон то мактаб рафтани кӯдак интизор шаванд. Таваллуди кӯдак на танҳо барои оила, балки барои давлат ҳам рӯйдоди фараҳбахш аст. Аз вақти таваллуди кӯдак як уҳдадории муҳим- бақайдгирии давлатии таваллуд ва гирифтани шаҳодатномаи дахлдор ба дӯши волидайн вогузор мешавад”, – таъкид кард Екатерина Смоляковас.

 

Маълумотнома барои ҳуҷҷат надоштани кӯдак

Мувофиқи моддаи 23-и қонун, қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни яксола ва ё калонтар дар асоси аризаи падару модар (ё яке аз онҳо) ё шахсони манфиатдор дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби ба фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст, гузаронида мешавад.

"Зимни сабти давлатии таваллуди кӯдаки синни аз 1 то 18-сола, пешниҳоди маълумотнома (справка) дар бораи надоштани шаҳодатномаи таваллуд лозим аст. Онро бойгонии мақомоти САҲШ дар маҳалли зисти доимӣ ва муваққатии волидайн ё дар ҷойи таваллуди кӯдак медиҳад", – омадааст дар қонун.

Ба ибораи дигар, ин маълумотнома дар бораи тасдиқи он аст, ки кӯдак қаблан дар мақомоти САҲШ ба қайд гирифта нашудааст.

Маълумотнома ба кӯдаки сини аз 1 то 3-сола баъди санҷиши давраи солона – аз замони таваллуд то пешниҳоди ариза дода мешавад. Ба кӯдаки синни аз 3 то 5-сола пас аз санҷиши давраи дусола ва кӯдаки аз 5-сола калонтар пас аз таҳлили давраи панҷсола (соли таваллуд, ду сол пеш ва ду сол баъд) дода мешавад. Дар қонун саҳеҳан гуфта мешавад, ки сабтро дар ин ҳолат танҳо САҲШ-ҳои шаҳру навоҳӣ анҷом медиҳанд.

Чунин маълумотнома барои истисно шудани сабти такрории ҳамон як кӯдак дода мешавад. Масалан, дар САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба “Азия-Плюс” инро чунин шарҳ доданд: баъзан волидон барои ивази ном ё насаби кӯдак ҳуҷҷатҳои кӯҳнаро меоранд, ки расмиёташ дар дигар САҲШ сурат гирифтааст. Санҷиш тариқи бойгонӣ ба пешгирии ғалату такрорҳо имкон медиҳад.

 

Маълумотнома ва шаҳодатнома ройгон ё пулакӣ аст?

Маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани шаҳодатномаи таваллуд бо пардохти 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар соли 2025 – 75 сомонӣ) гирифта мешавад. Ин дар қарори ҳукумат аз 28-уми феврали соли 2025 “Дар бораи Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти САҲШ” зикр шудааст.

Шаҳодатнома дар бораи таваллуд ройгон (бепул) дода мешавад.

 

Дар куҷо бояд ба қайд гирифт?

Дар шаҳрак ва деҳаҳо сабти давлатии таваллуди кӯдаки то 1-сола аз ҷониби ҷамоатҳо амалӣ мешавад. Агар кӯдак аллакай яксолагиро пур карда бошад, барои сабти он танҳо мақомоти САҲШ-и шаҳр ё ноҳия машғул мешаванд.

"Аз ин рӯ, ҳамаи волидайн, ки кӯдаконашон то ҳол шаҳодатнома дар бораи таваллуд надоранд, зарур аст, ки ба мақомоти САҲШ-и маҳалли зист муроҷиат намуда, ин ҳуҷҷати муҳимро гиранд", – гуфт Екатерина Смолякова.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...