“Рейд”-и мақомоти Русия дар як хобгоҳи муҳоҷирон дар Маскав

Субҳи имрӯз, 18-уми сентябр, Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и Русия ба як хобгоҳи муҳоҷирон дар Маскав ворид шуда, “қариб 500 муҳоҷир”, аз ҷумла, тоҷиконро боздошт ва санадҳои онҳоро тафтиш кардааст. Муҳоҷирони тоҷик бо ирсоли аксу навор ба “Азия-Плюс” гуфтанд, мақомоти ин кишвар соати 5 ба хобгоҳ даромада, “ҳамаро зада-зада” ба берун бароварданд. Як муҳоҷири тоҷик […]

Муҳаммад Назар, “Asia-Plus”

Субҳи имрӯз, 18-уми сентябр, Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и Русия ба як хобгоҳи муҳоҷирон дар Маскав ворид шуда, “қариб 500 муҳоҷир”, аз ҷумла, тоҷиконро боздошт ва санадҳои онҳоро тафтиш кардааст.

Муҳоҷирони тоҷик бо ирсоли аксу навор ба “Азия-Плюс” гуфтанд, мақомоти ин кишвар соати 5 ба хобгоҳ даромада, “ҳамаро зада-зада” ба берун бароварданд.

Як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, онҳоро дар саҳни ин хобгоҳ, ки дар метро Строгино, кӯчаи Маршала Прошлякова 24 воқеъ аст, сандаҳояшонро тафтиш кардаанд. Ба қавли ӯ, дар хобгоҳ ҳудуди 200 муҳоҷири тоҷик ҳам ҳастанд.

Муҳоҷироне, ки дар ин макон мезистаанд, кормандони як ширкати сохтмонӣ буда, ба қавли манбаи мо, аксарият ҳуҷҷат доранд.

“Аввал занонро санҷиш ва бозпурсӣ карданд. Онҳоеро, ки дар ҳуҷҷатҳояшон мушкил вуҷуд доранд, боздошт карда, ба мошин медароранд. Аммо ҳангоми суҳбат дағал рафтор карда, баъзҳоро бо мушту лагад ҳам мезананд. Махсусан маро дар миёнам заданд, лат бардоштам, аз ин рӯ, имрӯз кор набаромадам”, – мегӯяд манбаи мо.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, умедворанд, ки мақомоти Тоҷикистон чорае мебинанд, то фишору таъқиб нисбати муҳоҷирон дар Русия кам шавад.

“Азия-Плюс” ин гуфтаҳои муҳоҷиронро мустақилона тасдиқ карда наметавонад. Мақомоти Русия расман дар ин маврид чизе нагуфтаанд.

Дар ин гуна мавридҳо мақомоти Тоҷикистон бештар вақт хомӯширо ихтиёрмекунанд ва хеле кам ҳолате мешавад, ки ба фишору таъқиби мақомоти рус расман вокуниш нишон диҳанд.

Дар беш аз як соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, муҳоҷирситезӣ ва санҷишу амалиёт зидди муҳоҷирон дар Русия авҷ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аммо, тавре мушоҳида мешавад, то ба ҳол муваффақ нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.