Сабтином дар “Green Card”-и Амрико пулакӣ мешавад

Акнун хоҳишмандони ширкат дар қуръакашӣ ё лоторияи “Корти сабз” (“Green Card”)-и Амрико баробари пур кардани аризаи худ бояд 1 доллар, муодили қариб 10 сомонӣ пардохт кунанд. То кунун сабтином барои ширкат дар қуръакашии "Корти сабз"-и Амрико ройгон буд. Огоҳинома дар ин бора дар феҳрест ё реестри федеролии Вазорати корҳои хориҷии ИМА рӯзи 16-уми сентябр нашр шудааст. […]

Asia-Plus

Акнун хоҳишмандони ширкат дар қуръакашӣ ё лоторияи “Корти сабз” (“Green Card”)-и Амрико баробари пур кардани аризаи худ бояд 1 доллар, муодили қариб 10 сомонӣ пардохт кунанд. То кунун сабтином барои ширкат дар қуръакашии "Корти сабз"-и Амрико ройгон буд.

Огоҳинома дар ин бора дар феҳрест ё реестри федеролии Вазорати корҳои хориҷии ИМА рӯзи 16-уми сентябр нашр шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин маблағ "барои пӯшонидани хароҷоти нигоҳдорӣ ва санҷишҳои амниятии система" кумак карда, боиси коҳиш ёфтани дархостҳои қалбакӣ мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА тахмин кардааст, ки ин иқдом ба буҷаи Амрико ҳамасола тақрибан 25 миллион доллар даромад меорад.

Дар ҳамин ҳол, маблағи баррасии парвандаи раводиди барандагони "Корти сабз" 330 доллар боқӣ мондааст.

Дар санад мушаххас гуфта нашудааст, ки аз кай ин иқдом роҳандозӣ мегардад. Вале зикр мешавад, ки ин санад баъди 30 рӯзи нашр дар расонаҳо, ба ҳукми амал медарояд. Аз санад бармеояд, ки тартиби нав 16-уми октябр ба ҳукми амал медарояд.

Ҳамзамон чанд расонаи дигар, аз ҷумла, "Lenta.ru" бо такя ба расонаи амеркиоии "Boundless" навиштааст, ки талаботи нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар робита ба пулакӣ кардани аризаи “Корти сабз” сар аз 16-уми октябр амалӣ хоҳад шуд.  

Ҳамчунин, маълум нест, ки ин маблағ чӣ гуна, яъне тавассути кадом система падохт мешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Lenta.ru" навиштааст, ки “аз соли 2026 арзиши раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ ба ин кишвар ба далели пардохти нави "Visa Integrity Fee" аз 185 доллари ҳозира ба 435 доллар афзоиш хоҳад ёфт.

Аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар наздиктарин фурсат ин масъаларо шарҳ медиҳанд.

Ҳамасола даҳҳо нафар аз Тоҷикистон ҳам “Green Card”-ро пур мекунанд. Аз ҷумла, имсол аз Тоҷикистон 2 ҳазору 982 нафар барандаи “Корти сабз” шуда буданд. 

Сар аз соли 1990, ҳамасола Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, 50000 раводиди иқомати доимӣ медиҳад.

Ғолибони лотереяи “Green Card” ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба таври қонунӣ дар Амрико зиндагӣ кунанд.

Маъмулан муҳлати супоридани ариза барои дарёфти “Корти сабз” ҳамасола дар моҳи октябр оғоз ёфта, ҳудуди як моҳ ё бештар аз он идома мекунад. Натиҷаи он ғолибан моҳи майи соли оянда маълум мешавад.

Дар ин матлаби таҳиянамудаи мо дар бораи пур кардани мустақилонаи аризаи "Green Card" ва дар матлаби дигари дар бораи чӣ гуна санҷидани натиҷаҳои бозии лотерея ва ба доми қаллобон наафтодан маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.