Дар “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ-2025” дар Душанбе чӣ ба тамошо гузошта шуд?

Имрӯз, 18-уми сентябр дар Маркази байналмилалии "Dushanbe Expo" Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ-2025 (DITE-2025) ба кор оғоз намуд, ки 3 рӯз давом мекунад. Чорабинӣ дар доираи Форуми байнулмилалии сармоягузории байнулмилалӣ ба соҳаи сайёҳӣ, ки чанде пеш доир гардид, баргузор мешавад. Намоишгоҳ аз ҷониби ширкати “Сомон Трэвел” бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, инчунин шарикон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Имрӯз, 18-уми сентябр дар Маркази байналмилалии "Dushanbe Expo" Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ-2025 (DITE-2025) ба кор оғоз намуд, ки 3 рӯз давом мекунад. Чорабинӣ дар доираи Форуми байнулмилалии сармоягузории байнулмилалӣ ба соҳаи сайёҳӣ, ки чанде пеш доир гардид, баргузор мешавад.

Намоишгоҳ аз ҷониби ширкати “Сомон Трэвел” бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, инчунин шарикон дар масоили рушди бахши сайёҳӣ созмон дода шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раҳбарияти ҳукумати пойтахт, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, роҳбари Кумиссияи сайёҳии СММ барои Аврупо ва дигар шахсон суханронӣ намуданд.

Дар кори намоишгоҳ ҳудуди 200 ширкат аз 20 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, ИМА, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Яман, Сурия ва Марокаш иштирок мекунанд.

Дар байни иштирокдорон ҳамчунин ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, солимгардонӣ ва муассисаҳои тиббӣ, марказҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ва истеҳсолкунандагон молу маҳсулоти армуғону туҳфа ҳузур доранд.

Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ, намоишгоҳ, як платформаи муҳим барои ҳамгироии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонии сайёҳӣ, пешбурди тамға (бренд)-и миллӣ ва боло бурдани нуфузи кишвар ба сифати самти ояндадори сайёҳӣ мебошад.

Дар чаҳорчӯби кори намоишгоҳ маросимҳои рӯнамоии хатсайрҳои сайёҳӣ, гуфтушуидҳои ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ ва хориҷӣ, табодули таҷриба сурат мегирад, ки ба афзоиши сатҳи шинохти ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳ ёфтани онҳо ба бозорҳои нав мусоидат менамояд.

"Барои ширкатҳои маҳаллӣ DITE 2025 як имкони мусоидест барои таҳкими мавқеъ дар бозори сайёҳӣ, ҷалби меҳмонони хориҷӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ. Оянда ин ба афзоиши вуруди сайёҳон ва ташаккули нуфузи мусбати кишвар мусоидат мекунад", -гуфтанд дастандаркорони чорабинӣ.

Ёдрас мекунем, ки "Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ дар Душанбе" расо як сол пеш бо ташаббуси шаҳрдории пойтахт доир гардид. Дар чорабинии соли гузашта зиёда аз 100 ширкати маҳаллӣ ва сайёҳӣ ширкат карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.