Дар пайи садамае дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 4 кас ҷон бохта, 2 тани дигар маҷруҳ шудаанд

Asia-Plus

Дар пайи бархӯрди ду мошини сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 4 нафар ҷон бохта, 2 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар се рӯзи охир, ин сеюмин садамаи марговар дар Суғд аст, ки расонаӣ мешавад.

Аз ширкати “IRS”, ки ба нигоҳубин ва пулчинӣ дар ягона роҳи пайвандгари шимолу маркази кишвар машғул аст, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ин садама нисфирӯзии имрӯз, 22-юми сентябр дар километри 277-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух додааст.

“Дар натиҷа чор нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд. Ду каси дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтанд”, – гуфтанд аз ширкати “IRS”.

Ин ниҳод мегӯяд, сабаби ҳодиса ва аз куҷо будани нафарони ҷонбохтаву маҷруҳон маълум нест.

Дар навори ҳодиса, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки мошинҳо осеби ҷиддӣ дидаанд.

Бояд гуфт, ки дар се рӯзи охир ин сеюмин садамаи маргбор дар вилояти Суғд аст, ки расонаӣ мегардад. Рӯзи 20-уми сентябр дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, 1 нафар ҷон бохта, 5 тани дигар захмӣ шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки Мирзораҷаб Ниёзови 48-сола, ронандаи худрави тамғаи “Korando” ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Деваштич ба сӯи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, аз роҳ берун шудаву ба садама дучор омадааст.

Дар натиҷа, аз 5 мусофири дохили мошин як нафарашон, ки зани 40-солае аз ноҳияи Зафаробод будааст, ҷон бохтааст. Ронанда, ки гуфта мешавад, сокини ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ аст, ҳамроҳ бо чор мусофири дигар захмӣ ва дар бемористон бистарӣ гардидаанд.

Инчунин дар ин рӯз дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, дар пайи садамаи нақлиётӣ 5 узви як оила ҷони худро аз даст доданд.

Мақомот гуфтанд, ки Амирбек Муродов, ронандаи мошини барқӣ (электромобил), ки ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш аз самти Хуҷанд ба Душанбе сафар дошт, ба як мошини боркаши тамғаи  “Дулан” бархӯрдааст.

Дар пайи ин бархӯрд, таркиш рух дода, ронандаи 45-солаи як ҷо бо ҳамсари 41-сола, инчунин, ду духтарашон, ки яке 10 ва дуюмӣ 9 сол доштаанд ва  писари 5-солаи оила ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, хонавода сокинони шаҳри Истаравшан будаанд.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...