Дар озмуни “Интервидение-2025” Фаррух Ҳасанов мақоми 5-умро соҳиб шуд

Рӯзи 20-уми сентябр дар шащри Маскав Озмуни байналмилалии "Интервидение-2025" доир гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои он овозхон аз Тоҷикистон Фаррух Ҳасанов бо касби 344 имтиёз зинаи 5-умро соҳиб шуд. Ин овозхони ҷавони тоҷик таронаи "Бисӯз" (Гори)-ро бо забони русӣ иҷро кард. Зимни мусоҳиба ба рӯзноманигорон ӯ зикр гуфтааст: "Ман ин фазои бениҳоят ғайриодиро эҳсос намудам. Масъулият хеле баланд аст, аз ин […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Рӯзи 20-уми сентябр дар шащри Маскав Озмуни байналмилалии "Интервидение-2025" доир гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои он овозхон аз Тоҷикистон Фаррух Ҳасанов бо касби 344 имтиёз зинаи 5-умро соҳиб шуд. Ин овозхони ҷавони тоҷик таронаи "Бисӯз" (Гори)-ро бо забони русӣ иҷро кард.

Зимни мусоҳиба ба рӯзноманигорон ӯ зикр гуфтааст:

"Ман ин фазои бениҳоят ғайриодиро эҳсос намудам. Масъулият хеле баланд аст, аз ин рӯ, каме ҳаяҷон доштам, лекин мехостам, ки овозхониам дар сатҳи олӣ бошад. Мехостам ҳамаи эҳсосотамро ба тамошобинон диҳам. Ба назарам, аз уҳдаи ин кор баромадам.

Мухлисон хеле фаъол буданд. Ман дар бисёре аз кишварҳо таронахонӣ кардаам, лекин мушаххасан гуфта метавонам, ки дигар ҳеҷ кишваре ба Русия баробар шуда наметавонад. Ин қадар мардуми самимиву мусиқидӯстдор. Ин хеле олиҷаноб аст. Ин орзуи ҳар кадоме аз ҳунармандон мебошад”, – овардааст гуфтаҳои ӯро "БЕЛТА".

Фаррух Ҳасанов илова намудааст, ки мухлисии ҳамдиёронашро аз Тоҷикистон эҳсос мекард.

"Шаби гузашта ба ман занг зада, гуфтанд, ки дар Майдони марказӣ экрани бузург насб карда, барномаро мустақиман намоиш медиҳанд ва тамоми Тҷокиистон ба ман мухлисӣ мекунанд. Ман инро хеле хуб ҳис мекунам ва ба ҳама дуруд мефиристам", – гуфтааст ӯ.

Дар ин озмун ҳунарманд аз Ветнам Нгуен Дик Фук бо таронаи "Phù Đổng Thiên Vương" ("Қаҳрамони афсонавӣ Фу Донг") сазовори ҷои аввал шуд ва 422 имтиёз ба даст овард. Ба ӯ ҷоми булӯрӣ ва 30 млн рубл тақдим карданд.

Ба мақоми дуюм, сегонаи мусиқачиёни "Nomad" аз Қирғизистон бо таронаи "Жалгыз сага" ("Танҳо ба ту"") бо 373 имтиёз ва ба зинаи сеюм, овозхона аз Қатар Дана Ал-Мир бо суруди "Huwa Dha Anta" ("Ин маҳз тӯӣ") бо 369 имтиёз сазовор дониста шуданд.

Ҷадвали ниҳоӣ тариқи зайл аст:

Соли оянда озмун дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Шакли пурраи озмуни “Интервидение-2025” бо пайванди зерин дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.