Таркиши электромобил. Ҳалокати 5 узви як оила дар пайи як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Шаҳристон

Asia-Plus

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, 5 узви як оила ҷони худро аз даст додаанд. Ин ҳодиса рӯзи 20-уми сентябр рух додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, ки Амирбек Муродов, ронандаи мошини барқӣ (электромобил), ки ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш аз самти Хуҷанд ба Душанбе сафар дошт, ба як мошини боркаши тамғаи  “Дулан” бархӯрдааст.

Дар пайи ин бархӯрд, таркиш рух дода, ронандаи 45-солаи як ҷо бо ҳамсари 41-сола, инчунин, ду духтарашон, ки яке 10 ва дуюмӣ 9 сол доштаанд ва  писари 5-солаи оила ҷон бохтаанд. Ин хонавода сокинони шаҳри Истаравшан будаанд.

Ҳамчунин, дар натиҷаи ин ҳодиса, ронандаи мошини боркаш, ки аз ӯ Ҷамолиддин Азамов ном бурда мешавад, маҷруҳ шуда, ба беморхонаи ноҳияи Шаҳристон интиқол ёфтааст. Ин мард ҳам истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан будааст.

Ба гуфтаи манбаъ, сабаби ҳодиса маълум нест, вале ба эҳтимоли зиёд ронандагон бо суръати баланди ҳаракат мекарданд ва вақти рӯ ба рӯ омадан аз уҳдаи идораи мошин набаромадаанд.

Навори ин ҳодиса дар шабакаҳо иҷтимоӣ нашр шуда, вокунишҳои зиёдро ба бор овардааст.

КҲФ инчунин хабар медиҳад, ки субҳи 20-уми сентябр дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дар пайи як садамаи дигар 1 тан ҷон бохта, 4 нафар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Мирзораҷаб Ниёзови 48-сола, ронандаи худрави тамғаи “Korando” ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Деваштич ба сӯи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, аз роҳ берун шудаву ба садама дучор омадааст.

Дар натиҷа, аз 5 мусофири дохили мошин як нафарашон, ки зани 40-солае аз ноҳияи Зафаробод будааст, ҷони худро аз даст додааст.

Ронанда, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ будааст, ҳамроҳ бо чор мусофири дигар захмӣ ва дар бемористон бистарӣ гардидаанд.

КҲФ гуфтааст, ки сабаби садама тафтиш мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...